Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Бритониё, рӯзи 6-уми август гуфт, ки нирӯҳои вафодор ба Башор Асад шаҳраки Ал-Сухна – охирин маркази гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ”-ро дар вилояти Ҳумс – бозпас гирифтанд. Ин шаҳрак дар ҳафтодкилометрии шимоли шарқи Палмира воқеъ аст.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, нирӯҳои ҳукуматӣ шаҳраки Ал-Сухнаро рӯзи шанбе, баъди даргирии зиёд ва ҳамлаҳои ҳавоии Русия тасарруф карданд.
Ҳукумати Сурия то ҳол дар мавриди бозпас гирифтани ин шаҳрак аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” чизе нагуфтааст.