Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири иқтисоди Тоҷикистон: Тавлиди алюминий 32,3% коҳиш ёфт


Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки дар ним соли гузашта ширкати Талко тақрибан 50 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки нисбат ба нақша 32,3 дарсад камтар аст. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, рӯзи 1-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, тибқи нақша ширкати Талко бояд имсол ҳудуди 170 ҳазор тонна алюминий истеҳсол кунад.

Алюминий яке аз молҳои асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва дар ширкати Талко ҳазорон сокинони Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Аммо ба гуфтаи Неъматулло Ҳикматуллозода, садама дар шабакаҳои барқии Тоҷикистон дар шаби 28-уми октябри соли 2016 сабаби коҳиши истеҳсоли алюминий шудааст.

Ӯ гуфт, дар пайи ин садама дегҳои электролизии тавлиди алюминий аз кор монда, барои барқарор сохтани онҳо фурсат ва маблағ зарур аст.

Неъматулло Ҳикматуллозода афзуд, “ҳоло дар Вазорати энергетикаи Тоҷикистон комиссияи махсусе барои муайян кардани хисороти воридшуда дар пайи ин садамаи барқӣ фаъолият дорад ва ин ниҳод паҳлӯҳои дигари зарари расидаро мушаххас мекунад”.

XS
SM
MD
LG