«ДИСИ Инвест»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар бозии севумаш дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017, ки рӯзи 25-уми июл дар шаҳри Ҳошимини Ветнам баргузор шуд, аз тими «Вамос»-и Индонезия бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрд.
Голҳои «ДИСИ Инвест»-ро Меҳрубон Тиллозода ва Фирӯз Бекмуродов ба ҳадаф расонданд. Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи «Нафит Ал-Васат» бар «Ал-Райян» бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад.
«ДИСИ Инвест» ба гурӯҳи «В» шомил буд. Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон финалисти мусобиқаи порсола –«Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Вамос»-и Индонезия ва қаҳрамони Қатар – «Ал-Райян» - буданд. Қаҳрамони Тоҷикистон дар ду бозии пешин низ аз «Нафит Ал-Васат» (2:7) ва «Ал-Райян» (1:2) шикаст хӯрда буд. Ҳамин тариқ, “ДИСИ Инвест”, ки дар ҳарсе бозӣ ноком шуд, бидуни имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” дар зинаи охирин қарор гирифт. Аз ин гурӯҳ «Нафит Ал-Васат» ва «Ал-Райян» ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи гурӯҳӣ ҳамаи ҳашт дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ маълум шуданд. Дар 1/4 финал 27-уми июл «Чонбури Блювейв» (Тайланд) – «Шрикер Осака» (Ҷопон), «Саное Гити Пасанд» (Эрон) – «Бонки Бейрут» (Лубнон), «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Тай Сон Нам» (Ветнам) ва «Ал-Дхафра» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Райян» (Қатар) рақобат мекунанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017 дар Ҳошимин то 30-юми июл идома меёбад.
Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2017 оид ба футзал
Гурӯҳи «В». Даври 3-юм
«Вамос» (Индонезия) – «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон) – 5:2
Голҳо: Андри Кустиаван, 2 (1:0). Андри Кустиаван, 8 (2:0). Меҳрубони Тиллозода, 8 (2:1). Андри Кустиаван, 19 (3:1). Алӣ Абедин, 31 (4:1). Алӣ Абедин, 34 (5:1). Фирӯз Бекмуродов, 39 (5:2).
«ДИСИ Инвест» (панҷгонаи ибтидоӣ): Зулфиқор Раҳмонов – Амин Насруллозода, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов, Бруно Сантяго Ҷонатан (капитан).
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Райян» (Қатар) – 4:2
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) |
3 |
3 |
0 |
0 |
17-7 |
9 |
2 |
«Ал-Райян» (Қатар) |
3 |
2 |
0 |
1 |
6-6 |
6 |
3 |
«Вамос» (Индонезия) |
3 |
1 |
0 |
2 |
9-10 |
3 |
4 |
«ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон) |
3 |
0 |
0 |
3 |
5-14 |
0 |