Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси “кадрҳои содиқ” дар ҷаласаи Оҷонсии зиддифасод


Дар як ҷаласаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баҳси “интихоб ва тарбияи кадрҳо” сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти Оҷонсӣ гуфт, ки ин ҷаласа рӯзи 15-уми июл баргузор шуда, натиҷагирӣ аз кори нимсолаи ин ниҳод буд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи рӯзи шанбе мақомот муваззаф шудаанд, ки “кадрҳои содиқ ва баландихтисос”-ро омода кунанд. Аммо оё дар ин нишаст дар бораи боздошти чанд мақоми баландпояи Оҷонсии зиддифасод тайи моҳҳои ахир низ суҳбат шудааст ё не, маълум нест.

Масъалаи тарбияи “кадрҳои содиқ” дар ҳоле ба миён гузошта шудааст, ки бино ба хабарҳо ҳафт корманди собиқи Оҷонсии зиддифасод дар боздошт буда, ҳадди ақалл парвандаи ду нафари онҳо барои муҳокима ба Додгоҳи олӣ фиристода шудааст. Ҷузъиёти парванда ва ному насаби боздоштшудаҳо, ба истиснои муфаттиш Фирӯз Холмуродзода ва муовини собиқи раиси оҷонсӣ Давлатбек Хайрзода дақиқ нест.

Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ним соли гузашта беш аз 1200 ҷинояти коррупсионӣ ва беш аз 220 миллион сомонӣ зиёни молиявро ошкор кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки аз ин ҳисоб беш аз 150 миллион сомониаш барқарор шудааст. Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасод бо таваҷҷуҳ ба ин кори нимсолаи зердастонашро қаноатбахш донистааст.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми январи соли 2007 таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG