Дар минтақаҳои кӯҳистонии размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, машқҳои низомии нерӯҳои таъиноти вижаи Русия шурӯъ шуд. Дар размоиши рӯзи 30-юми май ҳудуди ду ҳазор афсару сарбоз ва беш аз 300 техникаи низомии Русия ширкат мекунанд. То ҳол Тоҷикистон теъдоди нерӯҳояш дар ин размоишро эълон накардааст.
Дар доираи машқҳои низомии байналмилалӣ дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлони Тоҷикистон, нахуст нерӯҳои таъиноти махсус бо истифода аз чархболҳои низомӣ ба таъқиби душмани шартӣ - гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ пардохтааст.
Ярослав Рошупкин, сухангӯи Округи низомии марказии Русия ба хабарнигорон гуфтааст, тибқи нақшаи нерӯҳои таъиноти махсус, роҳҳои ҳаракати корвонҳои маводи мухаддиру силоҳ, майдонҳои тамринотӣ ва анбори силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳро мушаххас ва нобуд хоҳанд кард. Барои аввалин бор дар машқҳои низомии муштарак аз системаи мушакҳои фавриву тактикии “Искандар-М” истифода хоҳад шуд, ки метавонад дар масофаи 450 километр ҳадафро нобуд кунад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбони Тоҷикистон рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар машқҳои низомӣ гурӯҳҳои махсуси нерӯҳои марзбонии кишвар низ ширкат доранд.
Дар як соли ахир ин дувумин тамрини бузурги низомии муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Дар моҳи марти соли гузашта дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, ба манзури муқобила бо гурӯҳҳои мусаллаҳи террористи шартӣ, ки қасди убур аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистонро доштанд, тамриноти низомӣ баргузор шуда буд.