Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки бад шудани вазъият дар қаламрави Афғонистон, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро водор месозад, алайҳи таҳдидҳои эҳтимолии террористӣ чораандешӣ кунанд.
Раиси КДАМ, ки рӯзи 31-уми май дар поёни нишасти раҳбарони хадамоти амнияти кишварҳои ИДМ дар Душанбе бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, Тоҷикистон дар муқобили чунин хатарҳо ба "кишвари буферӣ" табдил шудааст. Ба ин манзур, ба гуфтаи Ятимов, пайваста дар Тоҷикистон тамринҳои мухталифи зиддитеррористӣ анҷом дода мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки Русия барои нахустин бор маҷмаи мушакии “Искандар-М”-ро берун аз қаламрави кишвари худ дар Осиёи Миёна дар чаҳорчӯби машқҳои зиддитеррористии "Душанбе-Антитеррор-2017" партоб кард. Ба иттилои мутахассисон, мушаки “Искандар-М”-и партобшуда аз баландии беш аз 100 километр ситод ва таҷаммӯи “террористони шартӣ”-ро маҳв кардааст.
Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз солҳо пеш буд. Ҳоло Маскав бо озмоиши мушаки “Искандар-М” гуфтанист, ки ҳар лаҳза қодир аст, ба Тоҷикистон нирӯву техникаи ба ин андоза қавиро биорад. Ин ҳадафи аслии озмоиши “Искандар-М” дар Тоҷикистон аст.
Хабаргузории русии ТАСС аз қавли ёвари фармондеҳи Ҳавзаи низомии марказии Русия Ярослав Рошупкин навиштааст, ки мушаки “Искандар-М” аз тамрингоҳи Лоҳур дар наздикии пойтахти Тоҷикистон партоб шудааст. Ҳадафи ин мушак ситод ва таҷаммӯи “террористони шартӣ” дар қаламрави тамрингоҳи “Ҳарбмайдон” (ноҳияи Қубодиён) дар масофаи 140 километр аз машқгоҳи Лоҳур (ноҳияи Рӯдакӣ) унвон шудааст. Тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" дар 15-километрии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ аст.
Маҷмаии “Искандар-М” қабл аз оғози тамринҳои зиддитеррористӣ аз минтақаи Оренбурги Русия ба Тоҷикистон бо ҳавопаймои бузурги борбари “Руслан” интиқол дода шуд. Маҷмааи мушакии "Искандар-М" аз навтарин навъи силоҳи Русия дониста мешавад, ки бо мушакҳои болдор (баллистикӣ) ва мушакҳои аэробаллистикӣ, муҷаҳҳаз мебошанд. Ин мушакҳо метавонанд ҳадафҳоро дар масофаи то 500 километр маҳв кунанд.
Нуралишоҳ Назаров, генерали бознишасти тоҷик ва собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз баргузории чунин машқҳо истиқбол кард. Вай бо дарназардошти хатарҳои террористӣ аз Афғонистони ҳамсоя таъкид кард, ки баргузории ҳар гуна тамринҳои муштарак ба нафъи таъмини амнияти Тоҷикистон мебошад. "Истифодаи маҷмаии "Искандар-М" як ҳушдории ҷиддӣ ба террористони эҳтимолӣ аст, ки ҳадафҳои номатлуби худро дар Тоҷикистон канор гузоранд."
Брюс Паннир, шореҳи сиёсии Радиои Озодӣ гуфт, ки озмоиши мушаки “Искандар-М” аз як сӯ таҳдид ба ҷангҷӯён аст, аммо аз тарафи дигар намоиши қудрати Русия дар Осиёи Марказист, ки ҳар лаҳза метавонад нирӯву техникаҳои ба ин ҳад қавиро ба Тоҷикистон биорад. Вай рӯзи 1-уми июн гуфт, “Искандар-М” силоҳе нест, ки барои маҳви гурӯҳҳои хурди ҷангҷӯён истифода шавад. Ин силоҳи қавӣ барои масъалаҳои бузургу ҷиддитар аст. Шахсан барои ман ҳам ҷолиб буд, ки онҳо дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва мушаки “Искандар-М”-ро озмоиш карданд. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон машқи зиддитеррористӣ аст ва ҳамон тавр, ки гуфтам ин мушак барои нобудии гурӯҳҳои хурди ҷангҷӯён истифода шавад. Ин беҳуда аст ва метавонад ба ҷойҳои дигар зарар расонад.”
Паннир мегӯяд, паёми аслии ин озмоиш ба Чину Амрикост, то бигӯяд, ки дар минтақа қудрати асосӣ аст. “Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз солҳо пеш буд. Ҳоло Маскав бо озмоиши мушаки “Искандар-М” гуфтанист, ки ҳар лаҳза қодир аст, ба Тоҷикистон нирӯву техникаи ба ин андоза қавиро биорад. Ин ҳадафи аслии озмоиши “Искандар-М” дар Тоҷикистон аст.”
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон 1-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар машқҳои зиддитеррористӣ дар маҷмӯъ 4,5 ҳазор афсару сарбоз аз Тоҷикистону Русия ширкат мекунанд. Вай гуфт: “Аз Русия ҳудуди 2 ҳазор афсару сарбоз ва боқимонда низомиёни тоҷик ҳастанд. Барои анҷоми ин машқҳо аз Русия 300 адад техникаи низомӣ ва 30 адад ҳавопаймову чархболҳои низомӣ оварда шудаанд. Ин машқҳо дар се марҳила мегузаранд ва ду рӯз қабл дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби ин тамринҳо бинои шартии телевизион аз дасти “террористони шартӣ” озод карда шуд”.
Партоби мушаки "Искандар-М" ба ситоди шартии террористон дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта кишварҳои аъзои НАТО эълон карданд, ки ҳузури низомии худ дар Афғонистонро тақвият мебахшанд. Ба ин далел, бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки истифодаи мушакҳои навини Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, навъе аз идомаи рақобати низомии Русия ва Ғарб аст.
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Русия кишварҳои пасошӯравиро ҳамчунон қаламрави таҳти манфиатҳои худ медонад ва тақвияти ҳузури низомии ғарбӣ дар наздикии марзҳои ин кишварҳоро навъи хатар арзёбӣ мекунад. Ҳарчанд феълан Русия наметавонад бо кишварҳои ғарбӣ рақобати ҷиддӣ кунад, аммо бо ин вуҷуд нерӯи худро ба намоиш мегузорад".
Вай афзуд, ки феълан эҳсоси рақобати низомии ин кишварҳо дар мавриди хатарҳо аз Афғонистон эҳсос мешавад, аммо дар ниҳоят ҳадафҳои ин кишварҳо як аст ва ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки имкон дорад Русия ва кишварҳои ғарбӣ дар мавриди Афғонистон низ ҳамкорӣ кунанд.