Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади корманди IRS-ро пас аз се ҳафта пайдо карданд


Роҳи Душанбе-Чаноқ
Роҳи Душанбе-Чаноқ

Мақомот мегӯянд, пас аз тақрибан се ҳафтаи ҷустӯҷу ҷасади як корманди ширкати IRS, мутасаддии нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқро пайдо карданд.

Дафтари матбуоти ширкат рӯзи 6-уми март бо нашри баёнияе хабар дод, ки ҷасади Бахтиёр Амировро дар ҳамин рӯз аз зери қабати ғафси барф пайдо карданд. Дар баёния омадааст, ки кормандони “ширкат аз марги ин нафар андӯӽгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил хоӽонанд.”

Ҳашт корманди ширкати IRS рӯзи 18-уми феврал ҳангоми поккории роҳ аз тарма бо ду техникаи вазнин зери барф монданд. Ба чаҳор нафари онҳо муяссар шуд, зинда аз зери барф берун оянд, аммо се нафар Ҷаъфар Ёралиеви 48-сола ронандаи трактор ва коргарон Фахриддин Ашурови 45-сола ва Некруз Зуҳурови 28-сола зери тарма ҳалок шуданд.

Дар роҳи Душанбе-Чаноқ дар моҳи январу феврал садҳо маротиба тарма рехт ва дасти кам 17 нафар ҳам зери тарма монда ҷон доданд.

XS
SM
MD
LG