Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки дар рӯзҳои 21 ва 22 март дар баъзе аз минтақаҳои кишвар сел омада ва тарма фаромадааст. Умеда Юсуфова – сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода – рӯзи 24 март ба Радиои Озодӣ гуфт, тармафароӣ дар қаламрави ноҳияҳои Шуғнону Рӯшони Бадахшон рух дода, дар натиҷа он шабу рӯз равуои нақлиёт мушкил гардидааст. Аммо, ба қавли Юсуфова, феълан роҳҳоро аз тарма тоза кардаанд. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, аз омадани сел ва дар пайи он тахриб шудани пул дар ноҳияи Сангвор ҷилавгирӣ шудааст.
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, низ мегӯяд, ҳоло роҳи Хоруғ-Роштқалъа боз аст, аммо ба гуфтаи ӯ, дар самти Ғунду Мурғоб тарма фаромадааст ва ҳоло корҳои поккорӣ дар ин минтақа ҷараён дорад. Вазир гуфт, масири Рӯшон-Бартанг то деҳаи Басида кушода шудааст ва панҷ мошини махсус роҳро аз барф ин деҳа то деҳаи Бартанги боло тоза мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хатари селу тармафароӣ ба таърихи 20 то 23 март дар назар буд. Ҷамила Байдуллоева, сардори раёсати Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вазъи ҳаво дар рӯзҳои баъдӣ, яъне то 29 март, боронӣ ва тағйирёбанда мешавад”. “Фаромадани тарма ва эҳтимоли омадани сел ҳам дар назар аст. Бинобар ин, ба ҳама идора ва кумитаҳои давлатӣ огоҳнома фиристода будем”, - гуфт ӯ.
Бар асари боришоти зиёди барф дар моҳҳои январу феврали соли ҷорӣ ва тармафароӣ на камтар аз 20 сокини Тоҷикистон, аз ҷумла 3 нафарашон дар ҳудуди вилояти Бадахшон ҷони худро аз даст доданд.