Додгоҳи Бишкек даъвои корманди пешини ҳукумати шаҳр Сейил Маданбековаро қисман қонеъ кард. Ин зан ба додгоҳ шикоят бурда буд, ки ҳукумати шаҳри Бишкек ӯро ба хотири доштани ҳиҷоб аз кор рондааст. Тибқи қарори додгоҳ, шаҳрдорӣ вазифадор шуд, то ба Маданбекова ҷуброн пардохт кунад. Дар ҳамин ҳол, шаҳрдорӣ ӯро дар мақомаш барқарор намекунад, зеро, ба гуфтаи шаҳрдорӣ, муҳлати шартномаи меҳнатиаш ба охир расидааст.
Аз моҳи май то сентябр баҳсҳо бо вазорати маориф оғоз мегардад. Ба духтарон дар донишгоҳҳову макотиб пӯшидани ҳиҷобро иҷозат намедиҳанд
Мутахассиси пешбари бахши ҳамкориҳои байналхалқии шаҳрдории Бишкек Сейил Маданбекова моҳи ноябри соли 2016 аз кор ронда шуд. Ба гуфтаи вай, доштани либоси исломӣ боиси аз кор ронданаш шуд. Маданбекова талаб дорад, ки дар мақомаш барқарор шавад. "Ман ҳафт сол хизматчии давлатӣ будам ва хуб хизмат кардам. Боре ҳам танбеҳ нагирифтаам. Аммо роҳбари нав омаду рӯймоли ман ба вай писанд нашуд, фикр мекунам, курсии ман ба вай лозим шуд", - гуфт Маданбекова.
Сейил Маданбекова соли ҳафтум аст, ки ҳиҷоб мепӯшад ва ба ҷойи кори наваш ҳам бо рӯсарӣ рафта буд. Ба гуфтаи Сейил, ҳама мушкилоташ баъд аз он шурӯъ шуд, ки ба вазифаи раҳбари дастгоҳи шаҳрдории Бишкек нафари нав таъин гардид. “Баъд аз як сол раҳбари нави дастгоҳ ба сари вазифа омад ва маро ба утоқи кориаш даъват кард. Зимни сӯҳбат ӯ ба ман суолҳои хусусӣ дод. Масалан, кӣ маро маҷбур кард, рӯсарӣ пӯшам ва агар ба Маскав биравам, муносибати волидоне, ки фарзандонашон аз дасти террористон ҳалок шудаанд, чӣ гуна мешавад”, - нақл кард ӯ.
Навор бо забони русист:
Ба қавли Сейил, раҳбараш ҳатто пешниҳод кард, ки ӯ дигар ҳиҷоб напӯшад. Мелис Ҷунушалиев, раиси дастгоҳи шаҳрдории Бишкек, гуфт, “аввал инки ӯро на барои ҳиҷобипӯшиаш аз кор ронданд. Ӯ барои дифои худ далелҳои зиёдро пеш меорад ва ин ҳаққи ӯст. Ҳар чизе ки мехоҳад, бигзор бигӯяд. Танҳо ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ талош дорад, худро ҳимоят кунад.”
Ба гуфтаи раҳбари дастгоҳ, ин занро барои ноӯҳдаборияш сабукдӯш намудаанд, зеро шикоятҳо нисбат ба кораш хеле зиёд буд. “Ҳангоми омода кардани санадҳо ӯ иштибоҳҳои зиёд мекард. Барои мисол, ному вазифаҳоро нодуруст менавишт. Ба ҷуз ин, бо сабаби онки сари вақт санадҳоро дуруст накарда буд, ҳайати мо ба нишасти Чин нарафт”, - афзуд Ҷунушалиев.
Бо ин ҳама, ин барои нахустин бор аст, ки дар Қирғизистон як зан ба хотири эҷоди маҳдудият дар пӯшиши рӯсарӣ аз болои кордиҳанда ба додгоҳ шикоят мебарад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксаран занони ҳиҷобпӯш коргоҳро хомӯшона тарк мекунанд. Ҷамол Фронтбек, раҳбари созмони занонаи исломии “Мутакаллим” мегӯяд, “созмони мо дар муддати 15 сол бо мушкили ҳиҷоб сару кор дорад. Аз моҳи май то сентябр баҳсҳо бо вазорати маориф оғоз мегардад. Ба духтарон дар донишгоҳҳову макотиб пӯшидани ҳиҷобро иҷозат намедиҳанд.”
Дар мактабҳои миёна ва олии Қирғизистон расман пӯшиши ҳиҷоб манъ нашудааст, вале дар баъзе муассисаҳо аҳёнан чунин маҳдудият ба назар мерасад. Ин гуна ҳолатҳо дар алоҳидагӣ ҳал мешавад.