Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Қирғизистон бо 45 кило симоб дар Суғд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони қочоқи 45 кило симоб дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт кардаанд. Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд, рӯзи 11 май гуфт, ки Бактибек Қосимбоев дар аввали ҳамин ҳафта дар ҷамоати Хистеварз дастгир шуд. Вай гуфт, Қосимбоев қасд дошт, ки ҳар як килои симобро ба 45-долларӣ бифурӯшад. Мақомот мегӯянд, Бактибек Қосимбоев ин миқдор симобро аз Қирғизистон бо роҳи қочоқӣ ворид кардааст. Ҳоло алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад. Моҳи майи соли гузашта низ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ду марди 29-сола ба гумони қочоқи симоб боздошт шуданд. Ин афрод симобро дар назди яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҳудуди ҷамоати Исфисори ин ноҳия ба арзиши 500 доллар фурӯхтаанд.

XS
SM
MD
LG