Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади се қурбонии ярчро ёфтанд. ВИДЕО, АКС


Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки рӯзи якшанбе ҷасади се қурбонии ярч, аз ҷумла Мадина Ҳабибуллоеваи дусоларо аз зери тӯдаҳои хок дар ҷамоати Заргари вилояти Ӯш берун оварданд. Ҷустуҷӯи ҷасади 21 нафари дигар ҳанӯз идома дорад.

Аммо мақомот мегӯянд, бориши барфу борон амалиётро кунд карда ва ҳатто барои як муддат боздоштааст.​ Дайирбек Каримов, масъули Идораи ҳолатҳои изтирории вилояти Ӯш, рӯзи 30 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳатто ин пешниҳод садо медиҳад, ки ҷустуҷӯ пурра қатъ ва маҳалли ҳодиса ба қабристон табдил шавад. “Ҳоло бо хешутабори ҳалокшудаҳо дар ин бора ҳам гуфтугӯ дорем. Агар ризо шаванд, ин масъаларо расман баррасӣ хоҳем кард”, - афзуд Дайирбек Каримов.

Бо қарори раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи якшанбе дар ин кишвар мотами миллӣ эълон шуда, пахши ҳамагуна барномаи шоду тафреҳии телевизионҳои давлатӣ мутаваққиф гардида буд.

Бар асари фаромадани ярч дар рустои Аюуи ҷамоати Заргари вилояти Ӯши Қирғизистон 24 узви шаш хонавода, аз ҷумла нуҳ кӯдак, зери хок монданд. Мақомот гуфтанд, ки ин ҳодиса субҳи барвақти 29 апрел рух додааст.

Чаро сокинони деҳаи офатзадаи қирғизӣ ҳушдори мақомотро нашуниданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Мехостам ба мардум муроҷиат кунам. Биёед, чорво ва сарватро аз ҳаёту фарзандони худ боло нагузорем.

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон ин ҳодисаро талафоти сангин номид ва гуфт, ки дар рӯзи мотами миллӣ ҳамаи маъракаҳои хурсандӣ ва барномаҳои тафреҳии телевизион мутаваққиф шуда, парчами кишвар дар дохилу намояндагиҳои расмиаш дар хориҷ поин оварда мешавад.

Аксҳои бештар аз маҳалли ҳодиса дар инҷост:

Алмосбек Отамбоев дар як муроҷиати видеоӣ аз он нигаронӣ кард, ки сокинони ин маҳаллаи ноҳияи Узген даъвати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро барои кӯчидан ба минтақаҳои амнтар қабул накарда буданд. Вай гуфт, далели ба ҷои дигар нарафтани мардум барояш хуб фаҳмост, чун ба қавли ӯ, "ин минтақа дар айёми баҳор ба як чарогоҳ табдил меёбад".

Аммо Отамбоев аз сокинони боқимондаи ин маҳал даъват кард, ки ба хотири чорвову боигарӣ ҳаёти худу фарзандонро таҳти хатар нагузоранд. "Мехостам ба мардум муроҷиат кунам. Биёед, чорво ва сарватро аз ҳаёту фарзандони худ боло нагузорем. Мумкин аст, қарори аз инҷо ба маҳалли дигар накӯчиданро бузургони хонавода, ба мисли падару модар ё модарбузург гирифтаанд, вале дар натиҷа баҳояшро кӯдакон мепардозанд", - таъкид кард ӯ.

Кубатбек Баронов, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, низ рӯзи шанбе дар Ӯш гуфт, ки сокинон се рӯз пеш барои кӯчидан аз ин минтақаи хатарзо огоҳӣ гирифта буданд. "Се рӯз қабл аз ҳодиса мутахассисони Вазорати ҳолатҳои фавқулода бо сокинон суҳбат карда, масъалаи кӯчидан аз ин минтақаи хатарзоро фаҳмонда буданд. Аммо сокинон ин пешниҳодро рад карданд. Баъзеи онҳо расман дар зери коғазе имзо гузоштаанд, ки ҳушдор гирифтанд, вале аз инҷо намекӯчанд. Ва имрӯз ин фоҷиа рух дод", - афзуд ӯ.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон гуфтанд, як теппаи калони хок ба болои ҳафт хона дар рустои Аюу канда шудааст, ки дар дохили онҳо 24 нафар зиндагӣ доштанд.

Масъулони Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, чанде аз хешутабори афроди ҳалокшуда дар ҳолати "шок" ба бемористон интиқол ёфта, таҳти назари табибон қарор гирифтанд. Онҳо гуфтанд, феълан дар ҷойи ҳодиса се мошини "Ёрии таъҷилӣ" ва гуруҳи пизишкон низ истодаанд ва дар сурати зарурат ба сокинону осебдидагон ёрӣ хоҳанд расонд.

Мақомот мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар маҳалли ҳодиса беш аз 300 ходими наҷот ва сокинон даст ба коранд ва 40 хонавода аз ин минтақа ба ҷои амнтар кӯч дода хоҳанд шуд. Дар аксҳое, ки хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа фиристод, дида мешавад, хонаҳои сокинон асосан дар наздикии теппаҳои баланди хок бунёд шудааст.

Сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъзеи ин хонаҳо нав сохта шуда буданд. Яке аз сокинон рӯзи 29 апрел гуфт, ҳамсояи ӯ ҳамагӣ даҳ рӯзи пеш сохтмони манзилашро тамом карда, барои зиндагӣ ба дохилаш даромада буд, вале насибаш накард.

Фаромадани ярчу омадани сел дар ду ҳафтаи ахир дар минтақаҳои Тоҷикистон низ харобиҳои зиёдеро боқӣ гузошт. Бар асари омадани селу фаромадани ярч дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) шаш манзил пурра хароб ва чанд хонаи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтанд. Фаромадани ярч дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дар ду ҳафтаи пеш як модару кӯдакро кушта буд.

Дар аввали моҳи апрели соли 2015 бар асари фаромадани ярч дар наздикии рустои Яккабеди ноҳияи Файзобод даҳ сокини ҷавони ин маҳал ҷон бохта буданд. Онҳо мехостанд, ки лӯлаи оби деҳаашонро таъмир намоянд, аммо ярч имкон надод, сиҳҳату саломат ба назди хонаводаи худ баргарданд. Ҷасади ин афрод то чанд моҳ ҷустуҷӯ ва ёфт шуда, баъдан ба хок супурда шуд.

XS
SM
MD
LG