Бар асари резиши ярч дар деҳаи Порвори ҷамоати Ёли ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ) 5 хона комилан вайрон шуда ва ҳудуди 20 хонаи дигар қисман осеб дидаанд. Сокинон мегӯянд, ин вазъ онҳоро дар ҳолати номуайянӣ қарор додааст, чун намедонанд аз ин ба баъд зиндагии худро дар куҷо идома бидиҳанд.
Аксҳои бештар дар инҷост:
Мадқосим Рашидов, раиси деҳаи Порвор, рӯзи 21 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта дар пайи боридани жола, ярч фаромад ва хонаҳои сокинонро вайрон кард. Ба гуфтаи ин масъули маҳаллӣ, дар ҳоли ҳозир мақомоти ноҳия аз ин ҳодиса хабардор карда шудаанд.
Бархе аз сокинон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи ин ҳодиса чорвои онҳо талаф шудааст. Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, бар асари фаромадани ярч роҳҳои деҳа ба тарафи маркази ноҳия низ валангор шуда ва имкони ҳаракат дар ин масир номумкин мебошад. Тавре ин сокинон мегӯянд, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ низ зарар дидаанд ва ин ҷамоат шурӯъ аз деҳаи Анҷиров то Ёлу Порвор ва Мулёб дар муҳосира қарор дорад, чун мошинҳо ба деҳаҳо рафтуомад карда наметавонанд.
Бошандагони маҳал мегӯянд, ки бо гузашти қариб як рӯз аз ин ҳодиса, то ба ҳол мақомоти ноҳия ҳеҷ чораеро рӯи даст нагирфтааст. Масъулони ҷамоат бошад имконият рафъи паёмадҳои ин офати табииро надоранд.
Сокинони солхӯрдаи ин маҳал мегӯянд, ҳарчанд дар минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аммо барои бори аввал дар 50-60 соли ахир шоҳиди ин гуна ҳодисаи табиӣ шудаанд. Онҳо талаб доранд, ки мақомот ҳарчӣ зудтар барои кӯмаки мардуми осебдида биштобанд, вагарна паёмади ярчу сел метавонад зиндагии ин мардумро мушкил ва сангин кунад.
Деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) дар водии Тагноб, дар миёни марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ буда, ҳудуди 200 хоҷагӣ дар онҷо зиндагӣ мекунанд.
Тоҷикистон дар зимистон ва баҳори имсола шоҳиди барфрезӣ ва боронгариҳои шадид буд, ки талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт. Аз ҷумла зимистони гузашта бар асари резиши тарма дар манотиқи гуногуни кишвар, ҳудуди 20 нафар ҷон бохтанд. Ҳамчунин давоми зимистон роҳҳои кишвар, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе --Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ бинобар тармафароӣ барои чанд муддат баста шуданд.
Ҳамчунин боронгариҳои ду моҳи ахир дар кишвар талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай дошт. Аз ҷумла чанд рӯз қабл бар асари фаромадани ярч дар деҳаи Камчаки деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз як зан ва як кӯдак ба ҳалокат расиданд. Дар бархе аз минтақаҳои кишвар мақомот ба мақсади пешгирӣ аз талафот бар асари офатҳои табиӣ, сокинонро ба ҷойҳои бехафв кӯчондаанд.