Падару модари гумонбари ҳамлаи террористӣ дар метрои Санкт-Петербург ба Идораи амнияти вилояти Ӯши Қирғизистон даъват шуданд. Сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Роҳат Сулаймонов гуфт, "бозпурсии онҳо дар чаҳорчӯби амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва бар пояи қонунгузории кишвар сурат мегирад".
Сулаймонов дар бораи онки ҳамроҳи падару модар пайвандони дигари шахси гумонбар бозпурсӣ хоҳанд шуд ё не, чизе нагуфт.
КДАМ Қирғизистон рӯзи 4 апрел тасдиқ кард, ки гумонбари теракти Санкт-Петербург дар ин кишвар ба дунё омада, баъдан шаҳрвандии Русияро дарёфт намудааст.
Таркиш дар қатори метрои Петербург тақрибан соатҳои 3-и рӯз ба вақти маҳаллӣ дар миёни истгоҳҳои "Технологический институт" ва "Сенная плошад" рух дод. Баъдан дар истгоҳи "Плошад Восстания" низ дастгоҳи тарканда ошкор ва хунсо карда шуд.
Шумори қурбониёни ин ҳамла ба 14 нафар расида, 49 тани дигар бо захмҳои гуногун бистарӣ шуданд.