Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои таъсиси нашрия маълумотнома аз КДАМ ҳатмӣ шуд. САДО


Барои таъсиси нашриёт, матбаа ва ё нашрияи даврӣ дар Тоҷикистон минбаъд маълумотномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зарур хоҳад буд. Ин талабот дар “Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ” зикр шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон бинобар иттилои охирини Вазорати фарҳанг 312 матбаа, 376 рӯзнома, 319 маҷалла, 10 оҷонсии хабарӣ, ва 71 нашриёт фаъоляит мекунанд. Аксарияти нашрияҳо, матбаа ва расонаҳо ба гуфтаи мақомот хусусӣ ҳастанд.

Ин тартиб, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 25 феврали имсол дар таҳрири нав тасдиқ шудааст, муаассиони нашриёт, матбаа ва ё нашрияҳои давриро муваззаф мекунад, ки ба ҷуз аз хулосаи Оҷонсии “Тоҷикстандарт”, Хадамоти оташнишонӣ ва маълумотномаи тиббӣ, инчунин, маълумотномаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро дошта бошанд.

Кулли ин ҳуҷҷатҳо ҳангоми сабти давлатии нашриёт, матбаа ва ё нашрияи даврӣ дар Вазорати фарҳанг талаб карда мешавад. Ҳарчанд дар ҷое дар ин ҳуҷҷат тавзеҳ дода намешавад, ки маълумотномаи Кумитаи амнияти миллӣ чӣ маълумотеро бояд дар бар бигирад.

Гирифтани маълумотномаи Кумитаи амният ҳатмӣ шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00
Линки мустақим

Абдумалик Сафаров, муттахасси пешбари раёсати табъу нашр ва матуботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 11 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тартиботи нав ба хотири танзими хубтари ин соҳа ҷорӣ шудааст. Ӯ афзуд, “пеш аз сабт аз ниҳодҳои гуногун муаассисон бояд маълумотномаҳо биёранд. Масалан, маълумотномаи тиббӣ, ки худи ҳамон муассис саломат бошад. Бехатарии сӯхтор риоя шуда бошад”.

Сафаров гуфт, аксарияти навгониҳо дар таритибот ба хотири амният ва бехатарии кишвар ҷорӣ шудааст, ҳарчанд замони баррасии дархостҳо барои ташкили нашриёт ва ё матбуоти даврӣ мисли қаблӣ бетағйир боқӣ мондааст. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯянд, ҷорӣ шудани тартиботи нав, аз ҷумла талаби маълумотномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ҳангоми таъсиси нашрия, матбаа ва ё нашриёт метавонад дар роҳи таъсиси нашрияҳои нав мониа эҷод кунад.

Суҳайлӣ Миров, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, талаби маълумотномаи Кумитаи амният барои таъсиси нашрия-нашриёт, ки муҳтавои ин маълумотнома низ дар ин санад мушаххас нашудааст, метавонад бебандубориро ба миён орад. “Дар Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия сензураи давлатӣ манъ аст ва бинобар ин мувофиқати ин санад бо дигар қонунҳои Тоҷикистон бояд санҷида шавад”, - афзуд ӯ.

Сафаров гуфт, дар Тоҷикистон ҳоло аз нашрияву матбааҳои давлатӣ дида, хусусиҳо бештар аст ва ин аз он далолат мекунад, ки Вазорати фарҳанг дар роҳи сабти онҳо ҳеҷ монеа намегузорад ва гузоштанӣ ҳам нест.

Аммо Абдумалик Сафаров мегӯяд, тартиботи нав ба ҳеҷ шакле монеи таъсиси нашрияҳои нав нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, “давлату давлатдорӣ ҳаст. Вақте дар як оила якдигарфаҳмию тартиби муайян набошад оила вайрон мешавад. Тартиб ба хотири оне аст, ки Тоҷикистони ободу зебоямон вайрон нашавад. Инҷо ягон мониа нест. Муассис аз рӯи ҳамин талаботи нав ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунад, Вазорати фарҳанг онро ба ҳисоб мегирад. Дигар нафарон корашонро пеш мебаранд. Вазорат тарафдори чорчӯбаи қонуну тартибот аст.”

Сафаров гуфт, дар Тоҷикистон ҳоло аз нашрияву матбааҳои давлатӣ дида, хусусиҳо бештар аст ва ин аз он далолат мекунад, ки Вазорати фарҳанг дар роҳи сабти онҳо ҳеҷ монеа намегузорад ва гузоштанӣ ҳам нест.

Ҳоло дар Тоҷикистон бинобар иттилои охирини Вазорати фарҳанг 312 матбаа, 376 рӯзнома, 319 маҷалла, 10 оҷонсии хабарӣ, ва 71 нашриёт фаъоляит мекунанд. Аксарияти нашрияҳо, матбаа ва расонаҳо ба гуфтаи мақомот хусусӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG