Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаномаи "Нигоҳ" аз чоп монд


Муассиси "Нигоҳ" аз қатъи фаъолияти ин ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон хабар дод ва бо пахши изҳорот расман эълон кард, ки "бино ба адами мавҷудияти шароити лозим" маҷбур аст, нашри ҳафтаномаро боздорад. "Нигоҳ" баъди баста шудани се нашрияи мустақилу сахтгӯ - "Рӯзи нав", "Нерӯи сухан" ва "Одаму олам" дар соли 2006 ба саҳнаи матбуоти тоҷик ворид шуда буд.

Нашрияи "Нигоҳ" даҳ соли қабл аз тарафи созмони ИНДЕМ таъсис шуд ва тӯли ин муддат бо матолиби таҳлилӣ ва тадқиқоти журналистиаш маъруф буд.

​Дар изҳороте, ки рӯзи 2 ноябр бо имзои Фаридуни Раҳнавард, муҳаррири ҳафтаномаи "Нигоҳ" дар ихтиёри расонаҳо гузошта шуд, шарҳ дода нашудааст, ки манзур аз "набудани шароити лозим" чист.

Аммо дар эзоҳи ин изҳорот таъкид шудааст, ки "маоши кормандон то 1 январи 2017 ҳифз хоҳад шуд. Ҳаққи хизматгузории чопхона пурра пардохт шудааст. Идораи нашрия дар пардохти андоз ҳеҷ мушкил надорад. Ба обуначиёне аз шумори шахсони ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳаққи пардохти обунаашонро талаб мекунанд, бақияи маблағашон бозгардонда хоҳад шуд. Бо пӯзиш, зарурати шарҳи бештареро намебинам."

Дар идораи ҳафтаномаи "Нигоҳ" ба радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки ин изҳорот ҳақиқат дорад ва нашрия аз чоп мондааст.

Фаридуни Раҳнавард
Фаридуни Раҳнавард

Нашрияи "Нигоҳ" даҳ соли қабл аз тарафи созмони таҳлилии ИНДЕМ таъсис шуд ва тӯли ин муддат бо матолиби таҳлилӣ ва тадқиқоти журналистиаш маъруф буд. Дар изҳороти муҳаррири ин нашрия ҳам гуфта шудааст, ки роҳи тайкардаи онҳо осон набуд ва пастиву баландиҳои зиёд дошт.

"Соҳибмансабон ва ниҳодҳои вежа борҳо кӯшиш ба харҷ доданд, то ба сиёсати нашрия дахолат кунанд. Манофеи шахсии хеш ё ҳаммаслаконашонро тавассути ин ҳафтанома таблиғ намоянд, ё ашхос ва ниҳодеро сияҳном кунанд, вале мо ҳаргиз ба худ иҷоза надодем, ки он чи хилофи инсоф, адолат, қонун ва манофеи миллии мо бошад, ба чоп бирасонем", - таъкид шудааст дар изҳорот.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси муассиси ин ҳафтанома бо корбарони дигар дар бораи он сурат гирифт, ки оё онҳо ба чопи коғазии ин нашрия идома диҳанд ё варианти электрониаш ҳам барои хондан кофист? Ҳарчанд иддае тарафдори таҳияи варианти электронии ин нашрия буданд, вале қисмати асосии корбарон талаб доштанд, то ин ҳафтанома дар шакли коғазӣ нашр шавад. Дертар дар баъзе расонаҳо ин хабар ҳам пайдо шуд, ки ба иддаои онҳо гӯиё Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чӣ иштибоҳеро дар ҳафтаномаи "Нигоҳ" пайдо кардааст.

То кунун на Вазорати фарҳанг ва на кормандони идораи ҳафтаномаи "Нигоҳ" дар ин бора сӯҳбат накардаанд.

XS
SM
MD
LG