Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адмирал Ҳарвард мақоми мушовири амнияти миллиро рад кард


Афғонистон - Адмирал Роберт Ҳарвард дар нишасти матбуотии муштарак бо Вазири дифои Афғонистон, бо хабарнигорон сӯҳбат мекунад.
Афғонистон - Адмирал Роберт Ҳарвард дар нишасти матбуотии муштарак бо Вазири дифои Афғонистон, бо хабарнигорон сӯҳбат мекунад.

Адмирали мустаъфӣ, Роберт Ҳарвард рӯзи 16 феврал пешниҳоди президент Трамп барои кор дар мақоми мушовири амнияти миллии Кохи Сафедро рад кард. Ӯ ҷавоби радро ба масоили хонаводагиаш марбут дод, ки барои фаъолияти комилаш дар ин мақоми масъул созгор нест.

Номзадии Ҳарвард, ки дар гузашта мақомҳои муҳимро дар арсаи амнияти миллӣ ишғол кардааст ва аз пуштибонии вазири дифоъ Ҷеймс Маттис бархурдор аст, дар ҳоле мавриди таваҷҷӯҳ шуд, ки ӯ баъди истеъфои Майкл Флинн ҳамчун нафари қобили ба роҳ мондани кори пурсамар дар ин ниҳод арзёбӣ мешуд. Флинн ин мақомро рӯзи душанбе, баъди эътирофи додани маълумоти ғалат ба ноиби раиси ҷумҳурии Амрико, дар заминаи сӯҳбатҳояш бо сафири Русия, тарк кард.

Матбуоти Амрико бо такя ба нафарони наздики Роберт Ҳарвард навиштааст, адмирал ин мақомро барои он қабул накард, ки Кохи Сафед пешниҳоди ӯ барои мустақилият ва ҳақи интихоби кормандонро напазируфт.

Сухангӯи Трамп гуфт, ки президент барои ин мақом ду номзади арзандаро дар назар гирифтааст. Яке аз онҳо собиқ раҳбари истихбороти ИМА, собиқ фармондеҳи нерӯҳо дар Афғонистон ва Ироқ Дэвид Петреус аст.

XS
SM
MD
LG