Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳои "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" ба Душанбе аз апрел шурӯъ мешавад


Музокироти мақомоти ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" дар рӯзи 11 феврал.
Музокироти мақомоти ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" дар рӯзи 11 феврал.

Ҳавопаймоҳои ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" ба эҳтимоли ғолиб дар оғози моҳи апрел ба парвоз дар самти Тошканд-Душанбе шурӯъ мекунанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як манбаи огоҳ аз музокироти рӯзи 11 феврал дар Тошканд хабар дод. Ин манбаъ, ки ба шарти ифшо нашудани номаш сӯҳбат мекард, гуфт, рӯзи шанбеи гузашта баъди сафари ҳайати расмии мақомоти тоҷик ва ҳам намояндагони ширкати "Somon Air" ба Тошканд дар чаҳорчӯби як парвози нахустини санҷишӣ ба пойтахти Узбакистон, миёни мақомоти ду кишвар музокирот сурат гирифт. Яке аз натиҷаҳои музокирот ин шуд, ки "шурӯи парвозҳои ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" ба Душанбе "на пештар аз охири моҳи март" дар назар гирифта шудааст. Ҳанӯз санаи дақиқ ва шароити дигари парвозҳо муҳокима мешавад.

Рӯзи 11 феврал нахустин парвози санҷишии ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба Тошканд сурат гирифт ва дар ин рӯз дар пойтахти Узбакистон мулоқоти намояндагони соҳаи авиатсияи ду кишвар баргузор шуд. Вебсайти хабарии ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" навишт, ки ҳайати Тоҷикистонро раиси кулли ширкати "Сомон Эйр" Томас Волтер Ҳаллам, раҳбари кулли "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Исматулло Абдуллозода, мутахассисони ширкати "Сомон Эйр" ва намояндагони матбуот намояндагӣ карданд. Ин ҳайат бо кори фурудгоҳи байналмилалии "Тошканд", аэровокзали фурудгоҳ шинос шуда, бо раҳбарияти ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" мулоқоти корӣ баргузор кард. Дар ин нишаст "масоили истеҳсолии марбут ба ифтитоҳи парвозҳои мусофирбар ва борбари ширкати "Сомон Эйр" дар Тошканд ва ширкати миллии ҳавоии "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" дар Душанбе баррасӣ шуд", - омадааст дар хабари расмии ин ширкат.

Дар хабар таъкид шудааст, ки бори охир ҷонибҳо дар Душанбе дар ҳайати намояндагони корхонаи давлатии назорати парвозҳои ҳавоии Узбакистон ва ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" рӯзи 30 ноябри соли 2016 бо ҳамкоронашон гуфтугӯ карда буданд. Дар натиҷаи ин музокирот протоколи ҳамкории миёни ширкатҳои ҳавоии ду кишвар имзо шуд ва роҳро барои ифтитоҳи парвозҳои мусофирбар дар миёни ду ҳамсоякишвари наздик боз кард. Яке аз бахшҳои ин протоколи ҳамкорӣ марбут ба таъмиру хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳои тоҷикӣ будааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки як мутахассисони корхонаи «Uzbekistan airways technics», ки марбут ба ширкати милии ҳавоии ин кишвар аст, дар як ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" корҳои таъмиру тармимро баргузор кардаанд.

Тавофуқи азсаргирии парвозҳои миёни ду кишвар баъди даргузашти президенти собиқадор Ислом Каримов имконпазир шуд ва ҳоло мақомоти ҳарду кишвар изҳори умедворӣ мекунанд, ки бахшҳои масдудшудаи ҳамкориҳои ҳамҷаворро пурра барқарор хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG