Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мусобиқаи лигаи олӣ 8 даста ширкат мекунад


Дар мусобиқаи 26-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ҳашт даста - «Истиқлол», «Барқчӣ», ССКА «Помир» (ҳарсе аз Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), инчунин ғолиби лигаи аввали мавсими соли гузашта - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – ширкат меварзанд.

Бар асоси қуръакашии тақвими мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар ду даври аввал дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:

Даври 1-ум

«Барқчӣ» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

«Вахш» – ССКА «Помир»

Даври 2-юм

«Истиқлол» – ССКА «Помир»

«Хуҷанд» – «Вахш»

«Панҷшер» – «Ҳосилот»

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ФФТ), имсол мусобиқаи қаҳрамонии кишвар бо ширкати ҳашт дастаи лигаи олӣ аз рӯи шакли нав – дар се давра - доир хоҳад шуд. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад.

Мувофиқи тасмими Лигаи футболи Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ тасдиқ шудааст, дастаи дар мусобиқа ҷойи охиринро ишғолнамуда лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи пешазохиринро мегирад, барои дар ин лига мондан бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал рақобат мекунад.

ФФТ тақвими пурраи бозиҳои ду давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2017 миёни дастаҳои лигаи олиро баъди тасдиқи он дарҷ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хайр”-и Ваҳдат, бинобар "ҷавобгӯ набудан" ба талаботи Лигаи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиё, ба лигаи аввал гузаронида шуданд. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон 8-уми феврал гирифта шудааст.

Дар ин ҷаласа зикр шуд, ки «Хайр» ва «Равшан» барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар маблағ надоранд. Инчунин зерсохтори варзишгоҳи «Хайр» дар шаҳри Ваҳдат ҳоли табоҳ дошта, ба талаботи Дастури муҷаввизкунонӣ ҷавобгӯ нест.

XS
SM
MD
LG