Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ҳарчанд фаъолияти ин ҳаракат дар ҳамаи манотиқи кишвар ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, аммо дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд фаъолияти ин созмон тайи се моҳи ахир густардатар ба чашм расидааст ва маҳз аксари боздоштшудагон аз ҳамин ноҳия будаанд.
Вай инчунин афзуд, кормандони умури дохила дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти интизомӣ барои боздошти ин гурӯҳи шомил ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ талош мекунанд ва то ҷое муваффақ низ ҳастанд.
Қабл аз иттилои вазири умумри дохила Додситонии вилояти Суғд низ айни ҳамин хабарро дар ҳафтаи гузашта ба ихтиёри хабарнигорон дар Хуҷанд гузошта буд. Ва муовини вазири амнияти Тоҷикистон Абдулло Назаров низ аз фаъолияти ин ҳаракат дар Вазиристони Покистон иттилоъ дод.
Дар сурате, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон паиҳам аз ҳузур ва таҳдиди ин ҳаракат ба амнияти Тоҷикистон таъкид мекунанд, оё воқеан шабакаҳои ин ҳаракат дар ин кишвар фаъол ҳастанд, ё ин ки боздошт ва муҷозоти сокинони кишвар танҳо ба хотири намоиши тавоноии ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аст?
Дар ҳамин ҳол Фаррух Умаров, коршиноси маркази стротегии назди президенти Тоҷикистон, мегӯяд, пас аз саркуб шудани ин ҳаракат дар қаламрави Узбакистон он дар хориҷ аз ин кишвар фаъолияти пинҳонии ҷиддиро оғоз намуда, ҳамчун созмони ифротии мамнӯъ ва хатарбор хусусияти байнулмиллалӣ касб кард. Оқои Умаров мегӯяд, аҳдофи Ҳаракати исломии Узбакистон бар хилофи созмони манъшудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» бештар ҷанбаи қавмӣ дорад.
Ҳарчанд Оқои Умаров хатари ин ҳаракатро ҷиддӣ медонад, аммо Воҳидхон Қосиддинов, як фаъоли ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, пас аз саркуб шудани ин ҳаракат дар Узбакистон ва фирори аксари аъзоёни он ба Афғонистону Покистон аъзоёни он бо ҷунбиши толибон ва дигар ҳаркатҳои иртиҷоӣ омехт ва бад ин тартиб мавқеи хатарборашро дар қиболи кишварҳои Осиёи Миёна то андозае аз даст дод. Ҳатто, ба қавли вай, замоне аъзоёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар сафи размандаҳои собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар соли 1995 то 1997 ба чашм мерасид. Ҷаноби Қосиддинов мегӯяд, агар ин ҳаракат хатари воқеъӣ дошта бошад, он бештар ба Узбакистон таъсиргузор аст, на ба Тоҷикистон.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба расонаҳо хабар дод, ки саркардаи Ҳаракати исломии Узбакистон Тоҳир Юлдошев дар минтақаи Вазиристони Покистон ба сар мебарад ва аҳдофи террористиашро идома медиҳад. Ҳаракати исломии Узбакистон аз ҷониби департаменти вазорати хориҷаи Амрико ҳамчун созмони ифротӣ шинохта шудааст ва тайи чанд соли ахир даҳҳо сокинони Тоҷикистон барои узвият ба ин ҳаракат боздошт ва муҷозот шудаанд.