Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи резиши тарма дар рӯзи 29-уми январ як афсари милиса зери барф монда, ҷон додааст ва ду ҳамроҳашро зинда берун овардаанд. Афсарони милиса аз вазорати умури дохилӣ масъули посбонии нақби "Истиқлол" будаанд, ки маркази Тоҷикистонро ба шимоли кишвар ба вилояти Суғд мепайвандад.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 30-уми январ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар маҳалли ҳодиса гуфтанд, ки шаби 29-уми январ тарма дидбонгоҳи афсаронро зер карда ва ба ҷарӣ андохтааст. Афсарони вазорати умури дохилӣ масъули назорати ҳаракати нақлиёт дар ин нақби муҳими Тоҷикистон ҳастанд.
Ба қавли онҳо, баъди фалокат, як ҳайат аз вазорати умури дохилӣ бо раҳбарии Абдулло Навҷувонов, муовини вазир ба маҳалли ҳодиса рафтаанд. Ҷасади афсар, ки ҳуввияташро эълон накардаанд, ба Душанбе оварда шудааст ва ба ҷони ду маъмури милисаи дигар хатар таҳдид намекунад.
Айни замон корҳо барои поксозии роҳи Душанбе-Хуҷанд идома дорад, ки аз рӯзи 28-уми январ бар асари резиши тарма дар даҳҳо қисмати он баста аст. Дар инҷо бар асари тарма, мошинҳои зиёде дармонданд ва маҳз дар ин роҳ 6 нафар зери тарма монда ҷон доданд ва мақомот мегӯянд, ки се нафари дигар бенишон аст.
Бинобар баландии барф, амалиёти наҷот дар инҷо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аз ин пештар Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи фаромадани 50 тарма дар роҳи Душанбе Хуҷанд рӯзи 28-уми январ, роҳ дар қисмати километри 51 то 71-ум баста шудааст ва бештар аз 100 мошин банд мондаанд. Аз он рӯз то кунун 800 нафарро аз маконҳои хатарнок берун кардаанд, 50 мошини боркаш ва 150 мошини сабукрав низ ба ҷойи бехатар интиқол дода шудаанд.
Барои наҷоти мардуми дармонда дар байни тарма, тамоми ҳайати наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сафарбар шудаанд. Аз мардум хоста шудааст, ки то замони боз шудани роҳ, ки санаи дақиқаш маълум нест, аз сафар ба ин самт худдорӣ кунанд.
Дар натиҷаи резиши тарма дар саросари роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон то кунун 8 нафар кушта шудаанд, даҳҳо роҳи хурду бузург баста мондаанд. Мақомот мегӯянд, роҳи Душанбе-Хоруғ низ дар чандин ҷой баста аст ва танҳо дар роҳи Ишкошим-Хоруғ 36 тарма мушоҳида мешавад. Мақомоти Бадахшон мегӯянд, поксозии роҳ бо ҷалби роҳсозон идома дорад, вале маълум нест, кай роҳ барои ҳаракат боз мешавад.
Дар дигар гӯшаи кишвар дар ноҳияи Ҷиргатол ҳам вазъ чандон хуб набудааст. Як корбари вебсайти Радиои Озодӣ аз тариқи Вотсаап ба мо хабар дод, ки ”тармафароӣ дар Ҷиргатол ҳам мардумро ба ташвиш овардааст, ин ҳодисаҳо дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Ҷиргатол вуҷуд дорад. Роҳи байни сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон бо ҳамин минтақа рабт дорад, аммо кормандони роҳсозии ноҳия имкони покиза кардани тармаҳои пай дар пайеро надоранд, ки ба роҳи калон мерезанд.
“Дар роҳҳо нақлиёти хурду бузург дармондаанд. Сабабаш дар норасоии техникаҳои барфпарто мебошад. Дар ҳудуди ноҳияи Лахш (Ҷиргатол), ки масохташ 100 -120 километр мебошад, 10-15 тармаҳои гуногунҳаҷм фуромад, ки ҳамаашро танҳо як трактори кӯҳнаи шӯравӣ Т- 75 бо як азоб тоза карда истодааст. “ – навиштааст, ин корбари вебсайти Радиои Озодӣ. Ӯ аз мақомот хостааст, барои муҳаё кардани шароити мусофирати мардум ба маконҳои лозимӣ, роҳсозонро бо нақлиёт, ё тракторҳои барфпарто таъмин кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳам пештар гуфт, ки хатари резиши тарма дар роҳи Душанбе-Ҷиргатол зиёд аст ва беҳтар аст, мардум аз сафар аз тариқи ин роҳ худдорӣ кунанд.