Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шаби гузашта садҳо нафарро, ки бо мошинҳояшон дар байни тарма дармонда буданд, беосеб наҷот додаанд, вале cе нафар ҳалок шудаанд. Мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, ки дар натиҷаи фуромадани 40 тарма дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд дар рӯзи 28-уми январ роҳ дар қисмати километри 51 то 71-уми роҳи мазкур баста шудааст дар ин миён бештар аз 100 мошин дармондаанд.
Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ки дар маҳалли ҳодиса ва дар километри 71-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд қарор дорад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки амалиёти наҷоти мардум ҳанӯз ҳам идома дорад. Миқёси фалокат бисёр васеъ аст ва ҳоло ҳам берун овардани мардум аз минтақаҳое, ки мошинҳо дармондаанд, идома дорад.”
“Дар байни мардуми бандмонда, кӯдакон, пиронсолон ва занон ҳастанд ва баъзеҳо бисёр тарсидаанд ва дар ҳоли шок қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, корҳои наҷот аз шаби 28-ум шурӯъ шуд ва то кунун 500 нафарро аз маконҳои хатарнок берун кардаанд, 30 мошини боркаш ва 60 мошини сабукрав низ ба ҷойи бехатар интиқол дода шудаанд. Барои наҷоти мардуми дармонда дар байни тарма, тамоми ҳайати наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сафарбар шудаанд. “Дар байни мардуми бандмонда, кӯдакон, пиронсолон ва занон ҳастанд ва баъзеҳо бисёр тарсидаанд ва дар ҳоли шок қарор доранд.
Намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ки ҳамзамон бо маъмурони наҷот сӯҳбат мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи лағжиши тарма як ҷавонзани 28-сола аз шаҳри Хуҷанд ҳалок шудааст. Далер Мерганов сухангӯи IRS ширкати мутассаддии нигоҳубини Роҳи Душанбе-Чаноқ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин ҷасади ду кӯдаки дигар дар маҳалли фалокатро пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи вай, ҳамзамон бо амалиёти наҷот, поккории роҳи Душанбе-Чаноқ идома доштааст. Барои покиза кардани роҳ, 30 мошин сафарбар шудаанд ва барфи зиёд, ки дар баъзе гӯшаҳои роҳ то 10 метр мерасад, кори роҳсозонро мушкил кардааст.
Мардумеро, ки наҷот додаанд, ҳукумати ноҳияи Варзоб бо обу ғизо таъмин мекунад. Ҳоло маълум нест, роҳи мазкур, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, кай боз мешавад, чунки ба гуфтаи Умеда Юсупова, айни замон боридани барф идома дорад ва мумкин аст, лағжиши тармаҳо такрор шавад.
Боридани барфи зиёд ва ҳамзамон гармтар шудани ҳаво сабаби фалокат дар чандин роҳи муҳим дар Тоҷикистон шудааст, аз ҷумла рӯзи 28-уми январ, километри 91-уми роҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатолро баст, вале инҷо касе осеб надидааст.
Вазъ дар роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ҳам бад аст, чун инҷо бар асари лағжиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон роҳ баста аст. Дар инҷо рӯзе пештар бар асари фаромадани тарма як зан ҷон бохтааст.
Умеда Юсупова гуфт, ҳарчанд қабл аз ин ҳодисаҳо аз мардум ва ронандагон хоста буданд, ки аз ҳаракат дар ин рӯзҳо дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд, вале на ҳама муроҷиати онҳоро ба инобат гирифтаанд. Ӯ дигарбора аз мардум даъват кард, ки то замони эълони баъдӣ ва мусоид шудани ҳаво, сафари худро ба таъхир андозанд, зеро эҳтимоли такрори фалокат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳамчунон зиёд аст.