Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар рӯйхати кишварҳои арзони сайёҳӣ


Маҷаллаи Forbes Қирғизистонро ба рӯйхати самтҳои арзони сайёҳӣ дар соли 2017 ворид кард. Дар рӯйхат 21 самт аз 17 кишвар шомил шудааст. маҷалла Қирғизистонро самти нави сайёҳӣ унвон кардааст.

Ба навиштаи маҷалла, 93 дарсади Қирғизистон минтақаи куҳӣ буда, ин кишвар фарҳангу таърихи бой дорад ва аз гӯшаҳои кашфношудаи ҷаҳон аст. Маҷалла Бишкекро маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ, мероси Роҳи Абрешим унвон кардааст.

Қирғизистон дар баробари арзонӣ, ҳамчунин дастрас низ ҳаст, менависад маҷалла. Дар шаҳрҳои Қирғизистон бар ивази 15 доллар мешавад хобгоҳ ва дар ивази 2 доллар ғизо дарёфт кард.

Дар ин рӯйхат ҳамчунин Португалия, Куриёи Ҷанубӣ, Руминия, Юнон, Филиппин, Австралия, Тирнидад ва Тобаго, Словакия, Гурҷистон, Лаос, Миср, Боливия, иёлати Юта, Гватемала, Белиз ва Гондурас шомил шудаанд.

Соли 2016 чанд маҷаллаи дигари маъруфи ҷаҳонӣ ба сайёҳон тавсия доданд, ки ба Қирғизистон сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG