Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия дар талоши муомила ба лира бо Чину Эрон ва Русия


Президенти Туркия гуфтааст, ки кишвараш талош дорад, ки тиҷорат бо кишварҳои Эрон, Русия ва Чинро бо пули миллии худ, яъне лира, роҳандозӣ кунад. Оқои Эрдуғон аз шаҳрвандони кишвараш хостааст, ки агар пули нақд бо доллар ва ё евро доранд, онҳоро ба лира табдил кунанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи якшанбеи 4 декабр гуфтааст, ки нахуствазири он кишвар Бинали Юлдрам ин масъаларо дар сафар қарибулвуқӯи худ ба Маскав, бо мақомҳои Русия дар миён хоҳад гузошт. Пас аз буҳрони сиёсӣ дар Туркия, пули миллии ин кишвар ба ҳади зиёд қимати худро аз даст додааст.

Аз ин қабл раиси ҷумҳури Туркия гуфта буд, ки лозим нест кишвараш "ба ҳар қимате" ба Иттиҳодияи Аврупо бипайвандад ва метавонад ба ҷои он бахше аз як иттиҳодияи амниятии шомили Чин, Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна -- яъне Созмони ҳамкориҳои Шанхай бошад.

XS
SM
MD
LG