Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Инҳоро дидед, ба мо хабар диҳед"


Мақомоти ноҳияи Шаҳритус акси 140 ҷангҷӯи тоҷики узви гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дар бисёре аз кӯчаву маҳаллаҳо часпонда, аз сокинон барои пайдо кардани онҳо кумак хостаанд. Нурмаҳмад Очилдиев, раиси дастгоҳи ҳукумати Шаҳритус, рӯзи 10 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "чиҳил нафари онҳо бо шумули як зани ҷавон зодаи ҳамин ноҳия буда, дар Ироқу Сурия қарор доранд".

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун бештар аз 1100 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳҳои террористиву тундрав ба мисли "Давлати исломӣ" пайваста ва хабари марги бештар аз 300 нафарашон ба хешовандонашон расидааст.

Ӯ гуфт, чанд рӯз қабл раиси ноҳияи Шаҳритус, намояндагони пулису идораи амният ва додситонӣ бо баргузории ҷаласае аз мардум даъват кардаанд, ки дар сурати дидани афроди монанд ба ҷангҷӯён мақомотро огоҳ намоянд. "Чунин вохӯрӣ дар тамоми деҳот гузаронда мешавад. Ҳадаф ҷилавгирӣ аз ҷиноят ва мардумро ба ҳамкорӣ даъват кардан аст. Дар соли 2016 баъзе камбудҳо рух дода буд, ки намехоҳем дар соли 2017 такрор шавад", - гуфт ӯ.

Алан Чекранов
Алан Чекранов

Бино ба иттилои мақомот, то кунун дар ҷангҳои Ховари Миёна чанде аз сокинони Шаҳритус, аз ҷумла Алан Чекранов, маъруф бо лақаби Абу Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ кушта шуданд. Ин донишҷӯи собиқи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия соли гузашта дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Ироқ ба ҳалокат расидааст.

Валихон Ҳамдамзода, сардори идораи умури дохилии Шаҳритус гуфт, акси одамоне, ки нашру паҳн шудааст, дар дохилу хориҷ таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд. "Иттилои пешакӣ ҳаст, ки чанд нафари онҳо гӯё мурдаанд. Вале бояд ҳар кадомашро дақиқ карда, сипас парвандаашонро қатъ намоем. То он замон онҳоро мурда эълон намекунем. Бовар дорем, ки мардум ҳамкорӣ мекунад. То ин дам ҳолатҳое буданд, ки мардум ба мо муроҷиат карданд ва санҷиш гузарондем", - афзуд ӯ.

Чанд ҳамсӯҳбати мо аз ноҳияҳои дигари водии Вахш гуфтанд, ки дар маҳалли зисти онҳо низ акси ҷангҷӯён часпонда шудааст. Аммо як сокини ноҳияи Шаҳритус гуфт, "дар масъалаи пайдо кардани ҷинояткорон ҳамкории мардум кам аст. Ҳарчанд дар бораи ҷангҷӯён ҳар рӯз тариқи телевизион ва расонаҳои дигар мебинанду мешунаванд, вале бефарқӣ дар мардум эҳсос мешавад."

Қаблан, дар моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон ҳафт сокини ноҳияи Шаҳритусро бо ҷурми боло кардани парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар маркази ин ноҳия муҷрим шинохта ва аз 7 то 27 соли зиндон маҳкум карда буд. Зубайдулло Маҳмудзода, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон, гуфт, аз ҳафт нафари маҳкумшуда се тани онҳо 17-сола буданд, ки аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон ҳанӯз ноболиғ ба ҳисоб мераванд ва бинобар ин муҳлати ҷазои онҳо камтар дода шудааст.

Бар асоси қарори додгоҳ, Муҳаммадалӣ Абдуллоев (7 соли ҳабс), Рамазонбек Худойбердиев (12 соли ҳабс), Имомиддин Шафиев (11 соли ҳабс), Худойбахш Тошев (11 сол), Фаридун Шейхмуродов (25 сол), Абубакр Умаров (27 сол) ва Бахтулло Гадоев (25 сол) барои “иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ”, “даъвати оммавӣ бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон”, “ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар” айбдор шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун бештар аз 1100 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳҳои террористиву тундрав ба мисли "Давлати исломӣ" пайваста ва хабари марги бештар аз 300 нафарашон ба хешовандонашон расидааст.

Мавсил, Ироқ
Мавсил, Ироқ

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст. Душанбе барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, пешниҳоди афв карда, ҳамчунин рӯйхати онҳоеро, ки узвияташон дар “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав ва ширкаташон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст, барои таъқиб ба Интерпол супурдааст.

XS
SM
MD
LG