Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистони баъди Каримов. Дар ба рӯи ҳамсояҳо боз мешавад? ВИДЕО


Даъвати ногаҳонӣ ба Узбакистон ва истиқболи гарми ҳайати расмии Қирғизистонро бисёриҳо аломати тағйир дар сиёсатҳои Тошканд медонанд, ки ҳам бо Қирғизистон ва ҳам бо Тоҷикистон дар як даҳсолаи гузашта муносибати хуб надошт.​

Сафари ҳайати Қирғизистон ба Узбакистон дуруст баъди як моҳи марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, сурат гирифт.

Мақомоти Узбакистон рӯзи 2 октябр як ҳайати 130-нафарии Қирғизистонро дар гузаргоҳи марзии "Дустук" гарму самимӣ ва онгуна пешвоз гирифтанд, ки дар чанд соли гузашта дида нашудааст. Мизбонҳо меҳмонони қирғизро ба раҳбарии муовини нахуствазир Муҳаммадқалий Абдуғозиев ба саёҳати Андиҷон бурданд, зиёфат доданд ва ҳам созишномаеро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба имзо карданд.

Ях об мешавад? Тошканд ба Тоҷикистону Қирғизистон оғӯш мекушояд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Шӯҳратбек Абдураҳмонов, ҳокими вилояти Андиҷон, гуфт, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев шахсан телефонӣ аз ӯ хостааст, ки аз меҳмонони қирғиз ба хушӣ истиқбол гиранд. Ӯ гуфт, "бародарони муҳтарами қирғиз! Ба Андиҷон хуш омадед, ки дӯстӣ ва иттиҳодро қадр мекунад. Мо мефаҳмем, ки тақвияти ҳамкорӣ зарур аст. Умед дорам, ки имрӯз оғози таҳкими муносиботи Узбакистону Қирғизистон хоҳад буд."

Энахон Содиқова, сокини Фарғона гуфт, ҳазорон нафар фаро расидани ин рӯзро муштоқона интизор буданд. Вай мегӯяд, аз дидани ин манзара шодиашро ҳадду канор нест. "Гузаштагони мо аз як ҷӯйбор об мегирифтанд ва мардуми мо як расму фарҳанг доштанд. Мо пайванди таърихӣ дорем, анъанаҳои монанд дорем. Мо рӯҳан ба якдигар наздикем. Солҳои охир муносибати кишварҳои мо ба сардӣ гароида буд, вале ҳоло фурсаташ ҳаст, ки онро барқарор кунем", - афзуд ӯ.

Дар поёни сафари ҳайати Қирғизистон ба Узбакистон ҷонибҳо ба сари мизи корӣ нишаста, масъалаи ҳамкориро низ расман баррасӣ карданд ва ёддоштеро ба имзо расонданд. Муҳаммадқалий Абдуғозиев, муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, ин ёддошт мақомоти маҳаллии наздимарзиро муваззаф мекунад, ки дар як моҳ як бор ҷамъ шуда, мушкилҳоро баррасӣ намоянд.

Адҳам Икромов, муовини нахуствазири Узбакистон ҳам гуфт, "дар асоси ин ёддошт ҳалли мушкил дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳокимону пулисҳо имконпазир шудааст. Пинҳон намекунем, ки дар миёни мо мушкилҳои ҳалношуда зиёданд. Аммо ба тадриҷ метавонем онҳоро ҳаллу фасл кунем. Тақвияти ҳамкориҳои моро ҳазорон нафар дар Узбакистону Қирғизистон мунтазиранд."

Вале ҷонибҳо дар бораи бардошта шудани маҳдудиятҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Узбакистону Қирғизистон ҳарфе нагуфтанд. Фақат ишора карданд, ки ба ин монанд мушкилҳоро ба зудӣ ҳал хоҳанд кард.

Сафари ҳайати Қирғизистон ба Узбакистон дуруст баъди як моҳи марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон сурат гирифт. Коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин нармии муносибот ба интихоботи моҳи декабри Узбакистон пайванд мегирад, ки Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президент яке аз довталабони асосии ин маъракаи сиёсӣ аст.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Коршиносон мегӯянд, Мирзиёев бо ташкили сафари ҳайати Қирғизистон ва майлаш барои ҳалли мушкили марзҳо мехоҳад, бештар ҳимояти сокинони Андиҷону Намангон ва Фарғонаро ба даст орад. Аз ин пеш мақомоти Узбакистон майли худро барои беҳбуд бахшидани равобит бо Тоҷикистон ҳам баён карданд.

Рӯзи 29 сентябр дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов баргузор шуд ва дар ин нишаст сӯҳбат аз беҳтар намудани фазои ҳамкории ду кишвари ҳамсоя дар бахши иқтисоду иҷтимоъ ва масоили марбут ба энергетика ва нақлиёт рафт. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки вазири корҳои хориҷии Узбакистон бо паёми шифоҳии раҳбари он кишвар Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омадааст.

XS
SM
MD
LG