Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Гирифтани нақши ангушти сокинон ҷойи нигаронӣ надорад


Дар Тоҷикистон маъракаи сартосарии гирифтани изи ангушти сокинон оғоз ёфтааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 26 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маърака ба хотири иҷрои қонун дар бораи "Ба қайдгирии давлатии дактилоскопӣ" ҷараён дорад ва сокинон набояд аз гирифтани изи ангуштонашон нигарон шаванд.

Ин бисёр кори муҳим аст ва бояд шаҳрвандон бо кормандони пулис ҳамкорӣ кунанд.
Умарҷони Эмомалӣ

Моҳи ноябри соли гузашта порлумони Тоҷикистон бо таҳрири нав ин қонунро тасвиб кард. Бар асоси ин қонун, ҳар шаҳрванди аз 16-сола боло вазифадор аст, ки ҳангоми гирифтани шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз қайди дактилоскопӣ (гузоштани изи ангуштон) гузарад.

Хазинаи изи ангуштон, ки ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҷамъоварӣ мешаванд, дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, гирифтани изи ангушт дар бозкушоии ҷиноятҳо ба тафтишот ҷиддан кумак мекунад. Ӯ афзуд, "барои мисол, ҳамон ҷавони мухлиси "Баха-84", ки қариб ду моҳ дар сардхона буд ва соҳибонашро ҷустуҷӯ мекардем, агар изи ангушташ дар хазина вуҷуд медошт, он гоҳ кор ин қадар мушкил намешуд. Ин бисёр як кори муҳим аст ва бояд шаҳрвандон бо кормандони пулис ҳамкорӣ кунанд."

Ҳоло нозирони милиса дар маҳалҳо ба хонаи сокинон рафта ва тариқи дастгоҳи сайёр аз онҳо изи ангушт мегиранд. Қонун дар бораи “Ба қайдгирии давлатии дактилоскопӣ” дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 қабул шуда буд, вале соли 2015 порлумони кишвар онро дубора бозбинӣ кард.

Ҷӯрахон Маҷидзода, узви порлумони Тоҷикистон
Ҷӯрахон Маҷидзода, узви порлумони Тоҷикистон

Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи тартибот ва амнияти Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин қонун бо дарназардошти вазъи кунунии кишвар ва ба хотири ёрӣ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза ба ҷинояткорӣ бознависӣ шудааст. "Ҳар як дастгоҳе, ки сарчашмаи ахборот аст ва барои иттилоот истифода мешавад, бояд соҳибаш аз қайди дактилоскопӣ гузарад. Ин вобастагӣ дорад ба алоқаҳои электронӣ", - таъкид кард Маҷидзода.

Ин вакили порлумони Тоҷикистон гуфт, ҳатмӣ шудани гирифтани изи ангуштон на танҳо дар ифшои ҷиноятҳо, балки барои шиносоии шахсияти ҷасадҳо ва афроди аз ақл бегона кумак мерасонад.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар саросари олам аз гирифтани нақши ангушти мардум хушҳол нестанд ва онро то ҳадде поймолшавии ҳуқуқ мешуморанд. Вале коршиносони амниятӣ мегӯянд, то кунун чизи беҳтаре барои муайян намудани ҳуввияти инсон ихтироъ нашудааст.

XS
SM
MD
LG