Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши чашм ва изи ангушт муҳоҷирони ихроҷшударо фош хоҳад кард


Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, табдили ному насаб ва шиносномаи муҳоҷирони депортшудаи тоҷик аз Русия барояшон дарди сар хоҳад овард. Онҳоро дар Русия ё ҳабс интизор аст, ё чор соли кори маҷбурӣ.

Масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия ҳушдор доданд, ба ҳеч ваҷҳ ба ивази ному насаб ва табдили шиносномаашон напардозанд, ки ба гуфтаи онҳо “обиқати хуш надорад”.

Зайнура Шарифова, раиси Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, рӯзи 13 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати ивази ному табдили шиноснома муҳоҷирони депортшударо ё ҳабс ва ё чор сол кори маҷбурӣ дар Русия интизор аст. “Ҳоло кормандони Хадамот ба гӯшаву канорҳои дурдасти Суғд рафта, ба мардум мефаҳмонанд, ки барои шахсони аз Русия ихроҷшуда бозгашт ба ин кишвар ба ҳар роҳе набошад, оқибатҳои нохуш дорад”,-афзуд Шарифова.

Мусоҳиби мо илова кард, ҳоло Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои афроди депортшудае, ки дубора бо роҳи ғайриқонунӣ ба қаламрави ин кишвар ворид мешаванд, ҷаримаҳои хеле сангин ва ҳабс таъин кардааст. “Аз ин рӯ, бояд ин гуна афрод аз сафар ба Русия то поён ёфтани замони манъи вурудашон худдорӣ кунанд”,-таъкид дошт Зайнура Шарифова.

Ба қавли раҳбари Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, ҳоло махзани ягонаи маълумот имкон медиҳад, чи дар Тоҷикистон ва чи дар Русия, муҳоҷири кории тоҷик аз рӯйи акс ва изи ангушту нақши чашмонаш ба осонӣ шинохта шавад. Ва, ба қавли ӯ, дар шиносномаи нав бо ному насаби дигар муаррифӣ шудани муҳоҷири корӣ ба дасти пулиси рус далел медиҳад, то ӯро ба маҳбас фиристад ё то 4 сол кори маҷбурӣ фармояд. Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, дар соли 2014 ҳудуди 200 ҳазор сокини минтақаи шимоли Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, аз ин ҳисоб 6 ҳазору 831 нафар “депорт” шудаанд. Ин гуруҳи муҳоҷирон аз се то панҷ сол ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд.

Як муҳоҷири кории собиқ аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо номи Назирҷон мегӯяд, то чанд соли пеш бархе муҳоҷирони “депортшуда” дар ивази “пора” ному насабашонро дар шиносномаҳояшон тағйир дода, сипас ба Русия бармегаштанд. Аммо солҳои охир тартиб ва қоидаҳои будубош дар Русия сахттар шуда, ҳоло бозгаштани муҳоҷирони депортшуда ба ин кишвар тақрибан имконнопазир гардидааст.

Ҳушдори масъулони Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар ҳолест, ки бисёре аз муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия роҳҳои нави сафар ба ин кишварро меҷӯянд. Яке аз ин роҳҳо табдил ё ивази ному насаби муҳоҷирон ва гирифтани шиносномаи нав будааст, ки бештар ё тавассути кормандони Шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) ё столи шиносномадиҳӣ анҷом мешавад.

Бархе аз муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик мегӯянд, онҳоро ба ин кор талаби пайдо кардани рисқу рӯзии худу фарзандон маҷбур месозад ва онҳо ночор барои ивази ному насабашон ба кормандони ЗАГС “маблағ” ҳам медиҳанд. “Аз як сӯ ночорем, ки ба Русия равем ва аз сӯи дигар ночорем, ки ному насабамонро иваз кунем”,-мегӯяд як ҳамсӯҳбати мо.

Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, Ҳамроҳ Ғаниева -- сардори шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар ҳоле боздошт кардаанд, ки дар ивази гирифтани “пора” қасд доштааст, ному насаби як муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷик аз Русияро “дигар кунад”. Ба қавли онҳо, Ғаниева ҳангоми гирифтани 1 ҳазору 500 сомонӣ “пора” аз сокини ин маҳал – Йермаcҷон Шоҳназаров дастгир шудааст.

Мӯҳсинҷон Юсуфов -- корманди дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, “ҳоло алайҳи Ғаниева парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.” Ба қавли ӯ, Йермасҷон Шоҳназарови 25-сола, ки қаблан аз тарафи кормандони пулиси Маскав “депорт” ё ихроҷ шуда буд, ҳоло бо табдили ному насаби худ қасд дорад дубора ба Русия равад.

Раёсати Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод низ ахиран дар Душанбе мудири бахши ЗАГС-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва як корманди дигари ин ниҳодро ҳангоми гирифтани ҳудуди 250 доллар “ришва” аз як сокин барои иваз кардани ному насаби писараш боздошт кард.

Бино ба иттилои расмӣ ҳудуди як ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ то ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар гӯшаҳои мухталифи Русия машғули кору зиндагиянд. Ҳоло бар асоси қонуни нави муҳоҷирати Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаи хориҷӣ ба он кишвар рафта, пеш аз шурӯи бояд патент гиранду имтиҳони забони русӣ ва таърихи Русияро супоранд.

XS
SM
MD
LG