Раиси фраксияи порлумонии ҳизби "Ата Мекен"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев гуфт, барои бекор кардани дахлнопазирии президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев ҳуҷҷату далел ҷамъ меорад.
Ба гуфтаи ин вакил, раиси ҷумҳур ва атрофиёнаш ҳукуматро ғасб кардаанд. Текебоев мегӯяд, ин афрод мухолифони сиёсиро фишор меоранд.
Раиси фраксияи порлумонӣ меафзояд, барои ҷамъоварии ҳуҷҷат ва далелҳои кофӣ 2-3 моҳ вақт сарф хоҳад шуд.
Текебоев аз фаъолони ҷамъиятӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва вакилони порлумон хостааст, барои бекор кардани дахлнопазирии президент кумак расонанд.
"Президент ба истеъфо меравад. Ин яқин аст. Атрофиёни вай наметавонанд ҳукуматро дар дасти худ нигаҳ доранд, ин ҳам яқин аст", - гуфтааст сиёсатмадори қирғиз.