Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "саркардаҳо"-и маросими бузургдошти Рӯзи Куруш


Мақомоти Эрон аз боздошти "омилон" ва "саркардаҳо"-и маросими бузургдошти Рӯзи Куруш хабар доданд. Дар Эрон ба таври ғайрирасмӣ рӯзи 7 моҳи обони солшумории ҳиҷрӣ-шамсӣ, ки имсол ба 28 октябр баробар омад, "Рӯзи Куруш" номгузорӣ шудааст ва гурӯҳе аз мардум дар ин рӯз дар атрофи оромгоҳи ин шоҳи пешини Эронзамин таҷаммӯъ карданд.

Додситони Шероз рӯзи 31 октябр аз боздошти сарони маросими бузургдошти "Рӯзи Куруш" хабар дод ва гуфт, ки "барои ин афрод парвандаи қазоӣ боз шуда ва тибқи муқаррарот бархӯрди қазоии лозим бо онҳо сурат хоҳад гирифт."

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Алӣ Солеҳӣ, додситони умумӣ ва инқилоби маркази вилояти Форс гуфт, ки дар ҳамоиши рӯзи ҷумъа дар Посоргод алайҳи арзишҳо шиор сар дода шудааст ва омилони аслии ин ҳамоиш боздошт шудаанд. Вай дар ин робита гуфтааст, ки "иқдомоти ин афрод аз ин қабл аз сӯи дастгоҳҳои амниятӣ, иттилоотӣ ва интизомӣ мавриди назар қарор гирифта буд."

Алӣ Солеҳӣ дар идома гуфтааст, ки пас аз анҷоми таҳқиқоти лозим, раҳбарон ва саркардаҳои аслии ин таҷаммӯъ, ки ба гуфтаи вай, ба сар додани шиорҳои "зидди арзишҳо" иқдом карда буданд, дастгир шуданд.

Аз ин қабл, Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ, аз рӯҳониёни бонуфузи шиа дар Қум, аз ҳузури ҳазорон нафар дар оромгоҳи Куруш дар Посоргод воқеъ дар чандкилометрии шаҳри Шероз вилояти Форс эътироз карда ва гуфта буд, ки чӣ тавр ин афрод шиорҳоеро, ки барои раҳбари Ҷумҳурии исломӣ сар дода мешаванд, сар диҳанд ва "боз мо зинда нишастаем ва тамошогар ҳастем."

Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ.
Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ.

Тибқи иттилои хабаргузории "Форс", Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ рӯзи якшанбеи 30 октябр гуфтааст, ки "Шоҳ мегуфт, Куруш осуда бихоб, мо бедорем, акнун иддае дар атрофи мазори Куруш ҷамъ шуда ва тавоф карданд ва дар ин таҷаммӯъ дастмолҳои худро берун оварданд ва гиря карданд."

Ба гуфтаи ин рӯҳонии шиа, Оятуллоҳ Хумайнӣ, раҳбари пешини Эрон афродеро, ки "ба ёди Куруш буданд, зидди инқилоб" гуфта буд. Дар Эрон ба таври расмӣ, ҳафтуми моҳи обони солшумории ҳиҷрӣ-шамсӣ, ки имсол ба 28 октябр баробар омад, ба таври ғайрирасмӣ "Рӯзи Куруш" номгузорӣ шудааст. Дар солҳои ахир гурӯҳҳое аз мардуми Эрон дар назди оромгоҳи ин шоҳи овозадори Эрони бостон ҷамъ мешаванд.

Чанд рӯз қабл расонаҳо ва хабаргузориҳои эронӣ аз лағви барномаҳо барои сафар ба оромгоҳи Куруш хабар дода буданд. Аммо бо вуҷуди ин, таҷаммӯи имсола аз гузашта бошукӯҳтар баргузор шуд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бозтоби густурдатаре доштааст.

Мардуми Эронзамин эътиқод доранд, ки аввалин эъломияи ҳуқуқи башар аз сӯи Куруши Кабир навишта шудааст.
Мардуми Эронзамин эътиқод доранд, ки аввалин эъломияи ҳуқуқи башар аз сӯи Куруши Кабир навишта шудааст.

Дар ин бора Шоҳин Спинто, фаъоли фарҳангӣ дар шаҳри Исфаҳон ба бахши эронии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки тибқи тахминҳои ғайрирасмӣ, ҳудуди 15 то 20 ҳазор нафар дар ин маросим ширкат кардаанд. Ба гуфтаи оқои Спинто, дар ин маросим ҳамчунин намояндагони қавмҳои мухталифи Эрон бо либосҳои маҳаллии худ ширкат доштанд.

Тибқи бархе гузоришҳо, гурӯҳе аз ҷамъомадагон чунин шиор сар медоданд: "Куруши ориёӣ, таваллудат муборак", ва "Эрон ватани мост, Куруш падари мост".

Дар бархе наворҳои нашршуда шуморе аз иштироккунандагон шиорҳое чун "Шоҳзода таваллудат муборак" ва ҳамчунин шиорҳое зидди низоми кунунии Эрон сар додаанд. Ризо Паҳлавӣ, низ дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ ба ин шиор вокуниш нишон дода ва гуфтааст, ки ин "беҳтарин ҳадяи таваллудам дар солҳои ахир буд."

Шӯрои миллии Эрон, ки Ризо Паҳлавӣ раёсати онро бар ӯҳда дорад низ ба муносибати Рӯзи Куруш баёнияе мунташир карда ва хостори "нигориши рӯзи расмии ҳафти обон дар солномаи миллии Эрон ба номи Рӯзи Куруш" шудааст.

Таҷаммӯъ дар назди оромгоҳи Куруш дар Посоргод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

Дар ҳамин ҳол, фарзанди Муҳаммадризом Олипаём, шоири танзнависи эронӣ гуфтааст, ки падараш дар ин маросим аз сӯи нерӯҳои амниятӣ боздошт шуда ва бинобар латукӯб дар аснои боздошт, ба бемористон интиқол дода шудааст ва таҳти боздошт қарор дорад.

Пеш аз ин шуморе аз мардум пешниҳод карда буданд, ки рӯзи ҳафтуми моҳи обони солшумории ҳиҷрӣ-шамсӣ ҳамчун "Рӯзи Куруш" пазируфта шавад ва ин дархостро дар фазои маҷозӣ ҳазорон нафар имзо карданд. Яҳудиён ин рӯзро ба ёди Куруш гиромӣ медоранд ва ӯро ҳамчун "наҷотдиҳанда" ва "раҳоибахш"-и қавми худ меҳисобанд.

Бархе аз таърихнигорони мазҳабӣ дар Эрон ба ин боваранд, ки Зулқарнайн, ки дар Қуръони Карим ба унвони "фармонравое нексират" сутада шудааст, ҳамон Куруш -- подшоҳи Эрон аст. Шуморе дигар аз муаррихони мазҳабӣ ин назарияро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG