Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роғунро ширкати итолиёии "Salini Impregilo" месозад (ВИДЕО)


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” Пиетро Салини дар шаҳри Душанбе. 1 июли соли 2016
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” Пиетро Салини дар шаҳри Душанбе. 1 июли соли 2016

Ширкати итолиёии "Salini Impregilo" дар музоядаи бунёди нерӯгоҳи Роғун пирӯз шуд ва сохтмони ин тарҳро, ки дар сурати анҷом ёфтанаш Тоҷикистонро ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил медиҳад, бар дӯш гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки "маргу зиндагӣ" барои кишвар медонад, ба ширкати итолиёии ​"Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) бовар кард ва рӯзи 1 июл Созишномаро дар Душанбе ба имзо расонд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар баробар будааст.

Мақомот мегӯянд, "Салини Импреҷило С.п.А." рӯзи 27 июн "дар ҷаласаи Комиссияи гузарондани тендер (озмун)-и байналмилалӣ барои сохтмони Роғун" аз миёни 40 ширкат пирӯз шуд ва аз тарҳрезӣ то хариди таҷҳизоту бунёди ин нерӯгоҳро бар уҳда гирифт. Хайрулло Сафаров, раиси нерӯгоҳи Роғун, 1 июл дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ин иттилоъро тасдиқ кард

Дар сомонаи расмии нерӯгоҳи барқи обии Роғун навишта шудааст, ки "ширкати "Салини Импреҷило С.п.А." гурӯҳи саноатӣ буда, яке аз ширкатҳои бунуфузтарини дунё дар сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ба ҳисоб меравад." То кунун ин ширкат чанде аз тарҳҳоро дар Қатару Гурҷистон, Лаҳистон ва кишварҳои дигар анҷом додааст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон, 30 июн дар як ҳамоиш дар Душанбе гуфтааст, мавзӯи сохтмони Роғун яке аз масъалаҳои асосии баҳс дар маҷлиси рӯзи панҷшанбеи ҳукумати Тоҷикистон низ буд.

Озмун барои бунёди нерӯгоҳи Роғун аввали соли гузашта эълон шуда, дар лаҳзаҳои аввалаш 15 ширкат аризаҳои худро пешниҳод карда буданд. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии Тоҷикистон, ки тобеи раиси ҷумҳур аст, он вақт гуфта буд, баъд аз пайдо кардани ширкати зарурӣ, сохтмони асосии нерӯгоҳи Роғун нимаи дувуми соли 2016 шурӯъ шуда, марҳила ба марҳила 11 сол идома хоҳад кард.

Сохтмонро ҳукумати Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад ва мумкин аст, маблағҳо аз манобеи дигар низ ҷалб шавад.

Қодири Қосим
Қодири Қосим

Аввали моҳи январи соли гузашта Қодир Қосим, раиси Кумитаи самоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфта буд, мумкин аст, чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2018 ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кунад. Аммо Георгий Петров, муовини собиқи раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва мутахассиси варзидаи соҳа ба Озодӣ гуфт, ҳарчанд аз назари техникӣ ин кор имконпазир аст, вале кафолати он вуҷуд надорад, ки то он замон Роғун ба кор сар кунад.

Талошҳои Душанбе барои пайдо кардани сармоягузори хориҷӣ барои бунёди Роғун аз соли 1992 ба ин сӯ бенатиҷа мондааст. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе бо иқтидори 3600 мегаватт дар поёни солҳои 70-ум дар аҳди Шӯравии собиқ оғоз ёфт, вале баъд аз суқути иттиҳод қатъ шуд.

Роғун бо сарбанди 335-метрӣ мебоист, яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои дунё бо баландтарин сарбанд шавад, вале сели шадиди баҳори соли 1992 чанд нақби обпартои Роғунро бо гилу лой пур кард ва 70 метр сарбандашро ҳам шуст. Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд, аммо ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд.

Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишнома сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин санад ҳам рӯи коғаз монд. Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилона иншооти ҳаётан муҳим даст ба кор шуд ва дар як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаву ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.

Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо доллар то кунун баҳсу суолҳои зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди Роғун сарф мешавад. Дар буҷаи соли 2016 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин маблағ дар муқоиса ба нишондоди соли гузашта 600 миллион сомонӣ бештар аст

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун дар сурати пурра мавриди баҳрабардории пурра қарор гирифтанаш солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид мекунад, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақаҳои бузурги Покистону Афғонистон кофӣ аст. Аммо ҳоло як мушкили дигар дар миён аст ва он ҳам мухолифати давлати Узбакистон, ки мегуяд, Роғун сабаби фалокатҳои зистмуҳитӣ дар кишварҳои поёноб мешавад, ҳарчанд ташхиси байналмилалӣ собит кардааст, ки ин иддао асос надорад.

XS
SM
MD
LG