Генерал Ҷон Николсон рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми июн дар сӯҳбат ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки ҷонибдорони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон аз гурӯҳи ДИИШ кӯмакҳои мустақими молӣ, логистикӣ ва мухобиротӣ ба даст меоранд.
Генерал Николсон бо ишора ба тарафдорони ин гурӯҳ дар Афғонистон гуфтааст, ки онҳо хоҳони узвият дар ин гурӯҳ шуда буданд ва ин хостаи онҳо аз ҷониби "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ пазируфта шудааст.
Дар Афғонистон марказҳои гурӯҳи ДОИШ дар вилояти шарқии Нангарҳор дар наздикиҳои марз бо Покистон ҷойгир ҳастанд. Дар ин вилоят сар аз шанбеи ҳафтаи гузашта нерӯҳои амниятии Афғонистон алайҳи ин гурӯҳ амалиётер бо номи "Шафақ"- оғоз кардаанд.
Ин амалиёт алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" чанд соат баъд аз ҳамлаи хунин ба тазоҳуроти мусолиматомези "Ҷунбиши Рӯшноӣ" оғоз шуд. Дар таркишҳои рӯзи шанбе дар Кобул беш аз 80 нафар кушта ва ҳудуди 250 нафар захм бардоштанд. ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт. Пас аз сарнагунии Толибон дар соли 2001, ин хунинтарин ҳамла ба шумор мерафт.
Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон гуфтааст, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои афғон, афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба тарки ноҳияи Кути вилояти Нанганҳор маҷбур шуда ва ба тарафи ҷануб ақибнишинӣ кардаанд. Бахши гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон ба номи "Давлати исломии Хуросон" ёд мешавад.
"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.
Тибқи иттилои расмӣ, садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат карда ва даҳҳо нафари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз идомаи рафтани шаҳрвандонаш ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар дар Кодекси ҷиноӣ банди нави 406-умро илова кардаанд, ки барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои бегона то 12 соли зиндон ҷазо таъин кардааст.
Аммо мақомот мегӯянд, касе бо хоҳиши худ баргашта ва собиқаи ҷиноӣ надошта бошад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Бино ба омори додситони кулл, дар натиҷаи корҳои ташвиқотӣ даҳҳо нафар қисман бевосита аз Сурияву Ироқ ва қисме ҳам аз роҳи сафар ба он кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.