Президенти Русия Владимир Путин раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар як сӯҳбати телефонӣ бо 64-умин зодрӯзаш табрик кард. Дар вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин замина гуфта мешавад, ки ба ин муносибат раҳбарони ду кишвар бори дигар ба тақвияти ҳамкориҳои миёни ду кишвар таъкид карданд.
Дафтари матбуоти Кремлин менависад, пеш аз занги телефонӣ матни табрикномаи Путин ба Раҳмон ирсол шуд ва дар он аз президенти Тоҷикистон ба ҳайси як раҳбари “собиқадор ва соҳибэътибор дар миёни ҳамватанонаш, аз ҷумла дар хориҷи инкишвар” ситоиш шудааст. Путин гуфтааст, дар аҳди раҳбарии Раҳмон, Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳам таъмини сулҳу субот ба пешравиҳо даст ёфт.
Рӯзи 5 октябр иҷрокунанди вазифаи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев низ Раҳмонро дар як сӯҳбати телефонӣ бо зодрӯзаш табрик кард. "Дар ҷараёни ин сӯҳбат ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон мубодилаи афкор карда, ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ намуданд", - менависад сайти президенти Тоҷикистон. Дар хабар омадааст, дар ин сӯҳбат инчунин аз натиҷаҳои сафари кории вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябр 64-сола шуд. Имрӯз ӯ дар шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯби сафари кории худ дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии ин шарҳ дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон иштирок кард.