Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон шаҳри қадимии Кушониҳоро ёфтанд. ВИДЕО


Муҷассамаи кӯчаки модархудо, ки як кӯдакро ба оғӯш гирифта ва бо дасташ сари кӯдаки дигареро сила мекунад, ба даврони императории Кушониҳо тааллуқ дошта, дар харобаҳои шаҳри қадимие воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 85-километрии пойтахти Тоҷикистон, кашф шудааст.

Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи ахир дар маҳалли ковиши археологии шаҳри қадимаи Кушониҳо даҳҳо осору бозёфтҳои он замонро аз зери хок берун оварданд. "Шаҳри кӯшониҳо" дар канори деҳаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар баландии теппа, қарор дорад. Бостоншиносон то ҳол ду манзили зистро тақрибан мушаххас кардаанд. Роҳ ба маҳалли ин шаҳри қадима тахту ҳамвор нест ва мо аз бағали теппаҳо ба ин шаҳр расидем.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Кашфи шаҳри қадимии Кушониҳо дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Ҳафриёт тоза шурӯъ шудааст ва биноҳои ин шаҳри қадима пурра коркард нашудаанд. Аммо аз дохили бино ду хуми бузург ёфт шудааст, ки ба гуфтаи бостоншиносон Кушониҳо зоҳиран онҳоро барои сард нигоҳ доштани об истифода мекарданд.

Империяи Кушониён – давлати қадимест, ки тахминан дар асрҳои I – III милодӣ вуҷуд дошта, сарзамини Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустони Шимоливу Туркистони Шарқиро фаро мегирифт.

Раҳбари гурӯҳи бостоншиносон, сардори Раёсати бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Давлатхоҷа Довудӣ баъди муаррифии гурӯҳи корӣ гуфт, ки ковиши пурраи ин шаҳр ба дӯши Осорхонаи миллӣ буда, ба он ихтиёриён, аз ҷумла сокинони деҳаи Сайёд ҷалб шудаанд. "Ибтидои ҳафриёт нишон медиҳад, ки дар ин баландӣ шаҳри бузурги тиҷоратии Кушониҳо вуҷуд доштааст. Сиккаҳо ва ҳайкалҳои кӯчак, ҷоми оҳанин, косаҳои гилӣ ва ороишу зиннатҳое, ки аз зери хок пайдо шуданд, ба замони Кушониён тааллуқ доштани онҳоро далолат мекунанд", - гуфт Давлатхоҷа Довудӣ.

Ду хуми бузург

Лаҳзае аз суҳбати хабарнигори Озодӣ Мирзонабии Холиқзод бо Давлатхоҷаи Довудӣ
Лаҳзае аз суҳбати хабарнигори Озодӣ Мирзонабии Холиқзод бо Давлатхоҷаи Довудӣ

Ҳафриёт тоза шурӯъ шудааст ва биноҳои ин шаҳри қадима пурра коркард нашудаанд. Аммо аз дохили бино ду хуми бузург ёфт шудааст, ки ба гуфтаи бостоншиносон Кушониҳо зоҳиран онҳоро барои сард нигоҳ доштани об истифода мекарданд.

Корҳои иктишофӣ аслан дар қисмати ду бинои Кох ё қалъаи шаҳри қадимӣ идома дорад ва то ҳол аз ин ҷо 24 сиккаи шоҳони Кушонӣ Книшка, Ҳерай, Сотер, Вегас, Вима Кадфиз ва муҷассамаи кӯчаки модархудо, силоҳ ва ангуштариҳои биринҷӣ ёфт шудаанд. Ботоншинос Довудӣ мегӯяд, аз нигоҳи тиҷорат ин мавзеъ барои Кушониён муҳим буд, зеро дар хатти ҷодаи машҳури Абрешим қарор дошта, аз тарафи рост ба Ҳиндустон ва аз тарафи дигар то ба Чин мерасидааст.

4 ҳазор доллар барои таҳқиқи шаҳри қадимӣ

"Ин шаҳр қисмати шимолу ғарбии ҳамин водиро, ки ҳоло Вахш ном дорад, ба воситаи кӯҳ ба Хатлон пайваст мекард ва ба воситаи Вашгирд то ба Чин мерасид. Яъне, шаҳр маркази муҳими тиҷоратӣ ва иқтисодӣ барои минтақаи Бохтари шимолӣ ба шумор мерафт", - мегӯяд ӯ.

Ҳафриёт ё ковиши ин шаҳри қадима то 10 октябри соли равон аз ҷониби бостоншиносони Осорхонаи миллӣ идома хоҳад кард ва қисмати дувуми он соли оянда шурӯъ мешавад. Ҳафриёт дар ин шаҳри қадимӣ бо маблағи хурде аз буҷаи Осорхонаи миллӣ, чизе баробар бо 4 ҳазор доллари амрикоӣ, анҷом мешавад. Ба ин кор панҷ бостоншинос ва беш аз даҳ корманди ихтиёрӣ ҷалб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар даҳсолаи ахир чандин шаҳри қадимиро аз зери хок берун оварда, ин мавридҳоро барои муаррифии ҳуввияти миллии тоҷикон ва фарҳангу тамаддуни қадимии он истифда мекунанд. Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ки дар сурати бозсохти дубораи ин шаҳрҳо ва ё ҳифзи харобаҳо инҳо метавонанд макони зиёрати сайёҳони хориҷӣ ва манбаи даромад барои Тоҷикистон шаванд.

XS
SM
MD
LG