Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дюшамбе - Сталинобод - Душанбе


Душанбеи солҳои 30
Душанбеи солҳои 30

Шаҳри Душанбе тайи 90 соли интихобаш ба ҳайси пойтахти Тоҷикистон ду дафъа тағйири ном кардааст.

Душанбе – пойтахти кунунии Тоҷикистон – тайи 32 сол (1929-1961) номи Сталинободро дошт ва танҳо дар таърихи 10-уми ноябри соли 1961 номи қадимааш – Душанберо баргардонд. Ҳоло ҷаҳониён ин шаҳрро бо ҳамин ном ҳамчун пойтахти ибтидо Тоҷикистони шӯравӣ ва ҳоло Тоҷикистони мустақил мешиносанд.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, номи Сталинобод дар як рӯз, дар ҳоле ки рӯҳияи Сталинбадбинӣ дар замони ҳукумати Никита Хрушёв боло рафт, иваз шуд.

Низорамоҳ Зарифова, яке аз раҳбарони собиқи Тоҷикистони Шӯравӣ мегӯяд: ”Он замон на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ номи Салинободро аз шаҳру ноҳияҳои худ мегирифтанд. Ҳатто номи Қуллаи Сталинобод ҳам дигар шуд. Аксар вақт дар ҳизб масъалаи тағйири номи Сталинободро мекарданд. Мардум дар мактубҳояшон менавиштанд, ки ба пойтахт номи тоҷикона гузорем.”

Дюшамбе - Сталинобод - Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон ба хотири танбеҳ нагирифтан аз Маскав тамоми ҳайкалҳои Сталинро аз кӯчаҳои пойтахту дигар шаҳру навоҳӣ барчид ва номи ҳокими худкомаи шӯравиро аз исми шаҳру деҳаву кӯчаву идораву корхонаҳое, ки исми Сталинро доштанд, низ бардошт.

Душанбеи солҳои 70
Душанбеи солҳои 70

Ғафур Шерматов яке аз муаллифони албоми аксҳои "Дюшамбе-Сталинобод-Душанбе" мебошад. Вай мегӯяд, ин ягона албомест, ки дар он тамоми таърихи Душанбе ҷамъ оварда шудааст, то ҷавонони имрӯза тавонанд аз пойтахти тоҷикон шинохт дошта бошанд.

Ғафур Шерматов афзуд: “Барои ҷамъоварии ин албом мо ду сол сарф кардем. Аксҳоеро пайдо намудан лозим буд, ки суратгираш онро соли 1930 гирифтааст. Мо он аксро гирифта, аз ҳамон мавқеъе, ки вай аксбардорӣ карда буд, дубора дар шакли нав акс бардоштем. Ин албомро метавон "мошини вақт" ҳам номид.“

Нахустин бор исми Душанбеи он замон ҳанӯз русто дар маъхазҳои таърихии асри 17 вомехӯрад. Вале муаррихон мегӯянд, Душанбе таърихи қадимтаре дорад ва ба асрҳои 2 ва 3-и пеш аз мелод ба замони Кушониён бармегардад.

Онҳо аз ҷумла ба сиккаҳо ва пораҳои устухонҳои тасвирдор дар Осорхонаи миллии шаҳри Душанбе ишора мекунанд. Дар ин ҷо рангдон ва қисмҳои дастаи корду ороишот барои либос дида мешаванд, ки зери он "Душанбе, асрҳои 3-2-и пеш аз милод» навишта шудаанд.

Пайдоиши номи Душанбе аз чорроҳае маншаъ мегирад, ки рӯзҳои душанбе дар он ҷо бозор ташкил мешудааст. Ин чорраҳа батадриҷ бузург шуда, номи Душанберо гирифт.

Душанбе 14-уми октябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии мухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳукумати навтаъсис соли 1925 аз Бухоро ба Душанбе кӯчонида шуд ва фаъолияти худро оғоз кард. Дар ҳамон давра дар Душанбе аввалин мактабҳо ва корхонаҳо бунёд шуданд.

Имрӯз ба ҷуз аз чанд бинои қадима аз он Сталинободи пешин нишонае боқӣ намондааст.

Чойхонаи "Роҳат"
Чойхонаи "Роҳат"

Ин нишонаҳои бозмонда аз замони Сталинобод аз ҷумла чойхонаи "Роҳат", биноҳои театрҳои Лоҳутиву Маяковский, дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва чанд хонаи дуошёна дар маркази Душанбест, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр, бояд ба ҷои онҳо низ биноҳои наву замонавӣ сохта шаванд.

XS
SM
MD
LG