Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Тоҷикистон тарҳи қонуни афвро баррасӣ мекунад


Тарҳи қонуни афв рӯзи 24-уми август дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, баррасӣ хоҳад шуд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, “иҷлосияи навбатӣ рӯзи соати даҳи рӯзи чоршанбе бо иштироки раҳбарият ва вакилони порлумон баргузор мешавад”. Ба гуфтаи Султонов, “вакилони Маҷлиси Намояндагон дар ин иҷлосия танҳо як масъала ва он ҳам лоиҳаи “Қонуни афв”-ро баррасӣ хоҳанд кард ва умед аст, ки қабул шавад”. Вакилони Маҷлиси Намояндагон ҳафтаи гузашта аз таътили тобистона баргаштанд ва қарор буд, ки 1 сентябр бо баргузории иҷлосия фаъолияти худро аз сар гиранд. Аммо ба назар мерасад, ки баррасии лоиҳаи “Қонуни афв” ба даъвати иҷлосияи ғайринавбатӣ сабаб шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17-уми август дар остонаи таҷлил аз 25-умин солгарди истиқлоли кишвар тарҳи “Қонуни афв” -ро ба порлумон пешниҳод кард. Бар асоси ин тарҳ, интизор меравад, 12 ҳазор, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ аз идомаи адои ҷазо озод шаванд.

XS
SM
MD
LG