Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Қалъаи Нав аз вазир кӯмак хостанд


Гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун ба Вазорати умури дохилӣ рафтанд ва хостори раҳоии наздиконашон шуданд. Пулис ҳудуди як моҳ қабл шуморе аз сокинони Қалъаи Навро ба иттиҳоми "Салафият" боздошт карда буд.

Рӯзи шанбеи 9-уми апрел пайвандони гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун, ки ба иттиҳоми гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ-экстремистӣ дар боздошт ба сар мебаранд, ба назди бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон омаданд.

Корманди ин вазорат як моҳ қабл рӯзи 5­ уми март беш аз 26 тан аз сокинони Қалъаи Навро ба иттиҳоми "Салафият" боздошт карда ба боздошгоҳи муваққати Душанбе оварда буданд. Тайи ин муддат 10 нафар аз ин боздоштшудаҳо раҳо шуданд ва ҳоло 16 нафари онҳо паси панҷара боқӣ мемонанд. Хешовандони афроди дар боздоштбуда мегӯянд, аз боздошти наздиконашон беш аз як моҳ сипарӣ шуд, аммо онҳо ҳамоно дақиқ намедонанд, ки мақомот пайвандони онҳоро ба кадом ҷурм муттаҳам мекунанд.

Хосамоҳ Раҷабова, завҷаи яке аз ин боздоштшудаҳо мегӯяд, инак ду бор мешавад ба назди мақомоти милиса медарояд, аммо то ба ҳол онҳо расман намегӯянд, ки шавҳарашро ба кадом гуноҳ боздошт кардаанд. Хонум Раҷабова гуфт, шавҳари ӯ Файзиддин Саидов ягона духтури бунгоҳи тиббии маҳалли Қалъаи нав буд ва ӯро аз сари роҳ боздошт кардаанд: “Мо аз мақомот мепурсем, ки барои кадом гуноҳ инҳоро боздошт кардед, намегӯянд. Мо намедонем, ки шавҳарам барои кадом гуноҳ боздошт шудааст.”

Хонум Раҷабова гуфт, тайи ин муддат ба ӯ як маротиба муяссар шудааст, ки бо ҳамсараш дар боздоштгоҳ дидору мулоқот кунад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар боздоштгоҳ вазъи саломатии шавҳараш, ки сиҳату саломат буд, хуб нест: “Вақте шавҳрамро, дидам, ӯ рост истода наметавонист, гуфтам, ки чаро рост истода наметавонӣ, гуфт, миёнам лат хурдааст.”. Раҷабова мегӯяд, барои ҳимояи шавҳараш як вакили дифоъро киро кард, аммо пас аз чанде ин вакили дифоъ аз ҳимояи шавҳараш ба таври мармуз даст кашид.

Натиҷа Холиқова, модари 63-солаи Раҷабмурод Раҷабов, яке аз сокинони дигари боздоштшуда, ки имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ бо муфаттишони ин вазорат сӯҳбат кардааст, мегӯяд, кормандони милиса писари ӯро ба гарвидан ба мазҳаби дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” айбдор мекунанд.

Аммо хонум Холиқова мегӯяд, писари ӯ як соли охир ба ҳайси ронандаи "Камаз" дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кор мекард ва чандон мазҳабӣ набуд: “Писари ман аз дину шариат чандон огоҳӣ надошт. Сигору нос мекашид. Пештар арақ ҳам менӯшид. Ҳамин як ду-рӯз шуд, намоз мехонад, ҳамон ҳам агар вақт меёфт. Лекин мисли ҳамин бобову аҷдодҳоямон намоз мехонд, ба ягон мазҳаби бегона ошноӣ ҳам надошт.”

Хонум Холиқова гуфт, барои дифои фарзанди ӯ ҳам, ки соҳиби ду тифл аст, ягон вакили дифоъ ҳозир нест бо онҳо ҳамкорӣ кунад.

Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз шарҳи қазия 16 нафар боздоштшудаи сокинИ маҳаллаи Қалъаи нави Роғун ба Радиои Озодӣ ба хотири халал ворид нашудан ба рафти тафтишот, худдорӣ варзиданд.

Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 10 март бо нашри як иттилоия қазияи боздошти бархе аз сокинони шаҳри Роғун аз сӯи пулисро шарҳ дода буд. Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта мешуд, ки бархе аз ин сокинони Роғун барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ-экстримистӣ боздошт шудаанд ва иддае дигарро барои пурсиш ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, даъват кардаанд.

Мақомоти ВКД таъкид доранд, ки чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти пулис ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, "баҳри амнияти шаҳрвандон, тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона шудааст."

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир аз гароиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ ва экстремистӣ нигарон буда, дастурҳоеро дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин раванд содир кардаанд.

XS
SM
MD
LG