Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт


Рӯзи панҷшанбеи 24 март дар Кувайт Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 23 март зимни тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт ба муддати панҷ рӯз аз 24 то 28 март баргузор мешаванд. Ба ин далел, ба гуфтаи ин масъулон аз Тоҷикистон ба Кувайт ҳайате аз мақомҳои фарҳангӣ, ҳунармандону устодони санъат ва наққошони тоҷик сафар кардаанд. Ба ин тартиб, қарор аст, дар чорчӯби Рӯзҳои фарҳанг дар Кувайт, барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳои аксу наққошӣ ва ҳунарҳои косибии мардуми тоҷик ба маърази тамошо гузошта шавад.

Дар ҳамин ҳол Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайтро барои густаришу тақвияти равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар муҳим арзёбӣ кардааст. Вай дар мусоҳиба ба хабаргузории KUNA гуфтааст, ки “густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Кувайт на танҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, балки дар арсаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар зарур аст”.

Зимнан, ин барои бори дуввум хоҳад буд, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт доир мешаванд. Нахустин ҳамчунин чорабинии фарҳангӣ моҳи апрели соли гузашта дар Кувайт сурат гирифта буд. Он замон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт ба муносибати 20-умин солгард барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар доир шуда буд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар яке аз бузургтарин театрҳои пойтахти Кувайт гузашт ва дар он тақрибан 600 нафар, аз ҷумла, раиси Шӯрои илму фарҳанги Кувайт Алӣ Юбҳа, муовини вазири тиҷорат Самира Ғариб, вакилони парлумон, дипломатҳои маҳалливу сафирони аксари кишварҳо ҳузур доштанд.

Дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ ба шумули таомҳои наврӯзӣ, аз қабили сумалаку нонҳову ҳалвоҳои тоҷикӣ ҳам сурат гирифт.

Ҳамчунин дар макони баргузории Рӯзҳои фарҳанг, намоиши асарҳои рассоми шинохтаи тоҷик Фаррух Неъматзода ҳам доир шуд. Меҳмонон бо либосу пироҳанҳои тоҷик ҳам ошно шуда, аз намоишгоҳи китобҳои тоҷикӣ дидан карданд.

XS
SM
MD
LG