Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2,5 миллиард $ ҷарима барои пора ба Гулнора Каримова


Ширкати мухобиротии “VimpelCom“ гуфтааст, омода аст, поймол кардани қонунҳои зиддифасоди Амрикову Ҳолландро эътироф ва дар ивази қатъи таҳқиқи фаъолиятҳояш дар Узбакистон ҷарима пардохт кунад.

Ширкати байналмилалии мухобиротии “VimpelCom“, молики бренди «Beeline» гуфтааст, омода аст дар ивази қатъи таҳқиқи фаъолиятҳояш дар Узбакистон ҷарима пардохт кунад. Дар ҳисоботи молии ин ширкати марказаш дар Ҳолланд, ки дар ҷазираҳои Бермуд сабти ном шудаву саҳомдорони асосиаш ширкатҳои норвегии Telenor ва русии Altimo мебошанд, гуфта мешавад, ки “VimpelCom“ ҳамроҳ бо Кумиссиюни қоғазҳои қиматбаҳо ва барижаҳои Амрико, вазорати адлияи Амрико ва додситонии кулли Ҳолланд ба чунин мувофиқа расидаанд.

Мақомоти тафтишотии Амрикову Ҳолланд дар пайи рӯ задани гумонҳо дар бораи ба маблағи бузург пора додани раҳбарони ширкат ба духтари президенти Узбакистон Гулнора Каримова ба таҳқиқи фаъолиятҳои “VimpelCom“ пардохтанд.

Дар ҳисоботи молии “VimpelCom“ барои соли 2015, ки рӯзи 17 феврал нашр шуд, дар бораи тиҷорати он дар Узбакистон ва таҳқиқи муомилаҳои қаблиаш бо ширкати “Takilant Ltd” сӯҳбат мешавад. Расман ширкати "Takilant Ltd» марбут ба Гаянэ Авакян аст. Авакян аз дугонаҳои наздик ва ҳатто “дасти рост”-и Гулнора Каримова унвон мешавад.

Дар ҳисоботи “VimpelCom“ аз ҷумла гуфта мешавад: “Тибқи шароити тавофуқи муқаддамотӣ, ки ҳамроҳ бо Кумиссиюни қоғазҳои қиматбаҳо ва барижаҳои Амрико, вазорати адлияи Амрико ва додситонии кулли Ҳолланд ба даст омадааст, ширкат ва бархе шӯъбаҳояш бархе мавридҳои поймол шудани Қонуни Амрико дар бораи фаъолиятҳои фасодомез дар хориҷа ва қонунҳои марбутаи Ҳолландро эътироф мекунад ва омода аст, ба ниҳодҳои зиддифасоди Амрикову Ҳолланд ҷарима пардохт кунад. Ҳаҷми пардохтҳои эҳтимолӣ аз маблағе, ки қаблан барои пӯшондани ӯҳдадориҳои пулии эҳтимолӣ дар робита ба таҳқиқи парвандаҳои фасод ҷудо шуда буд, бештар нест.”

“VimpelCom“ қаблан гуфта буд, ки барои ҷаримаҳои эҳтимолӣ дар робита ба парвандаи фаъолиятҳояш дар Узбакистон 900 миллион доллар ҷудо кардааст.

Бозори хеле қимат афтодаи Узбакистон

Дар ибтидои моҳи феврал хабаргузории Rambler News Service бо такя ба манобеаш хабар дод, ки “VimpelCom“ ба зудӣ аз расиданаш ба тавофуқ бо вазорати адлияи Амрико ва мақомоти Швейтсарияву Ҳолланд дар робита ба таҳқиқи мавридҳои фасод дар Узбакистон эълом хоҳад дод ва ба ниҳодҳои ин кишварҳо ҳудуди 1 миллиард доллар пардохт хоҳад кард. Як манбаъ дар вазорати адлияи Амрико гуфтааст, ки “VimpelCom“ба ниҳодҳои назоратии Амрико ҳудуди 750 миллион доллар пардохт мекунад ва тақрибан 250 миллион доллари дигар – ба ниҳодҳои танзимкунандаи Иттиҳодияи Аврупо. Аммо дар ҳисоботи “VimpelCom“ танҳо дар бораи омодагиаш ба пардохти ҷаримаҳо ба ниҳодҳои Амрикову Ҳолланд сухан меравад.

Ҷанҷоли фасод дар атрофи чӣ гуна ба бозори мухобироти Узбакистон роҳ ёфтани “VimpelCom“, ширкати русии МТС ва ширкати финниву шведии “TeliaSonera» аз соли 2012 ба ин сӯ идома дорад. Мақомоти тафтишотии Амрикову Аврупо барои он ба таҳқиқи фаъолиятҳои ин ду ширкат шурӯъ карданд, ки раҳбарони онҳоро ба пардохти дар маҷмӯъ 1 миллиард доллар пора ба Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов гумонбар карданд.

Дар соли 2015 мақомоти тафтишотии Амрико аз оғози таҳқиқот дар робита ба ин се ширкат хабар доданд. Дар ин робита, «VimpelCom» ва «TeliaSonera» гуфтанд, ки аз ҳисобҳои бонкии худ миллионҳо долларро барои пардохти ҷаримаҳои эҳтимолӣ ҷудо мекунанд.

Бар илова, ҳарду ширкат аз омодагии худ барои тарки бозори Узбакистон дарак доданд. Аз ҷумла ширкати «Telenor Group», ки 54 дарсади саҳмияҳояш ба ҳукумати Норвегия тааллуқ доранд, гуфт, ки 33 дарсади саҳмияҳояш дар ширкати «VimpelCom Ltd» ба маблағи 2,2 миллиард долларро фурӯхтааст.

Дар ҳисоботи молии «VimpelCom» гуфта мешавад, ки даромади ширкат дар соли 2015 ҳудуди 33 дарсад кам шудааст. Ин ширкат аз соли 2005 дар Узбакистон фаъолият мекард.

TeliaSonera дар Узбакистон бренди "Ucell"-ро мечархонд
TeliaSonera дар Узбакистон бренди "Ucell"-ро мечархонд

Ҳамчунин ширкати «TeliaSonera», ки низ ба додани 350 миллион доллар пора ба Гулнора Каримова гумонбар мешавад, метавонад дар натиҷаи ин таҳқиқот ба маблағи рекордии 1,7 миллиард доллар ҷарима баста шавад.

Дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми умумии ҷаримае, ки «TeliaSonera» ва «VimpelCom» - ду ширкати гумонбар ба додани пора ба Гулнора Каримова – метавонанд танҳо ба ҳукумати Амрико пардохт кунанд, қариб 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Хонуме ки миллионҳо долларро ба ҷайб задааст

Рӯзи 17 феврал рӯзномаи мӯътабари амрикоии «New York Times» Гулнора Каримоваро ба рӯйхати мақомдорони хориҷие шомил кард, ки вазорати адлияи Амрико онҳоро ба дуздии маблағҳо гумонбар медонад. Дар ин мақола бо номи «Онҳо қудрат доштанд. Онҳо миллионҳоро дуздиданд» гуфта мешавад: «Гулнора Каримова – духтари президенти Узбакистон, моделер ва модели собиқ. Ӯ дар Донишгоҳи Ҳарвард таҳсил карда, клипҳои мусиқӣ рӯи навор меовард ва маӯғули дизайни ҷавоҳирот буд. Ба ҳайси сафири кишвараш дар Испания ва дар идораҳои СММ дар Женева кор кардааст. Ҳукумати Амрико қасд дорад, то 300 миллион доллареро, ки ӯ ҳамчун пора аз ширкатҳои Русия ва дигар ширкатҳои хориҷии моил барои бастани созишнома бо ҷониби Узбакистон гирифтааст, мусодира кунад.»

Дар ин гузориш бо такя бо мукотибаҳои ифшошудаи дипломатии Амрико гуфта мешавад, ки аксари сокинони Узбакистон Гулнора Каримоваро «баронессаи роҳзанҳо» мешуморанд ва аз ҳама бештар дар Узбакистон ба шахси ӯ адоват доранд. Гузориш мегӯяд, Гулнора Каримова пулҳояшро аз тариқи ширкатҳои сохта берун мебаровард ва ҳоло дар ҳисобҳои бахшҳои хориҷии яке аз бонкҳои Амрико нигоҳ медорад.

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар соли 2013 дар пайи рӯ задани исми духтараш дар чанд моҷарои фасод ба ҳабси хонагии ӯ амр кард. Мақомоти ин кишвар дар пай чандин тан аз ёрони наздики Гулнора Каримоваро ба зиндон кашонданд, вале худи ӯ ба навиштаи «New York Times, феълан дар Тошканд таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG