Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон пулҳои ҳабсшудаи Гулнораро бармегардонад?


Ислом Каримов бо духтараш Гулнора Каримова
Ислом Каримов бо духтараш Гулнора Каримова

Ҳукумати Узбакистон талош дорад, ки пули дар бонкҳои Аврупо ҳабсшудаи Гулнора Каримоваро баргардонад. Соли гузашта ин пулҳо ба далели натиҷаи фасодкорӣ буданашон ҳабс гардиданд.

Ҳукумати Узбакистон талош дорад, беш аз 1 миллиард доллари Гулнора Каримова - духтари бузурги раиси ҷумҳури он кишварро, ки ба далели ҳосили фасодкорӣ буданашон дар бонкҳои Аврупо ҳабс шудаанд, бозпас бигирад. Дар ин бора нашрияи швейтсарии L'Hebdo бо чопи матлаби "Падар Каримов мехоҳад, пулҳои шоҳдухтарҳояшро баргардонад" хабар додааст.

Ин нашрия мегӯяд, ҷониби Узбакистон ҳоло ба Вазорати адлияи Амрико муроҷиат карда ва гуфтааст, афроде, ки дар ҷиноятҳои молӣ даст доштанд, кайҳо ба маҳкама кашида шуданд ва Тошканд қурбони фасодкории онҳо шудааст.

Муаллифи ин матлаб Франсуа Пиле менависад, барои баргардондани пулҳо аз Аврупо ҳукумати Узбакистон вакилони ширкати Holwell Shuster&Goldberg-ро киро карда, 4 январи имсол ба додраси додгоҳи Ню-Йорк Эндрю Картер низ мактуб фиристодааст. Дар мактуб омадааст, “пулҳои ҳабсшуда дар бонкҳо ба Узбакистон тааллуқ дорад. Ин кишвар бевосита қурбони амалҳои бархе аз соҳибкорон шудааст.”

“Аммо дар ин мактуб номи Гулнора Каримова зикр нагардидааст. Дар мактуб номи ёвари Гулнора – Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаров, Баҳодур Эргашев ва дигарон оварда шудааст. Акнун мақомоти Узбакистон мегӯянд, ин афрод, ки ба фасодкорӣ даст доштанд ва пулҳои зиёдро бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз худ карданд, маҳкум шудаанд. Аз ин рӯ, пулҳо бояд ба Узбакистон баргардонда шавад," -- менависад Франсуа Пиле.

Додраси додгоҳи Ню-Йорк то ҳол дар бораи ин муроҷиати ҷониби Узбакистон чизе нагуфтааст. Аммо бино ба иттилои манобеи Озодӣ, додрас баррасии ин қазияро ба рӯзи 27 январи соли ҷорӣ муайян кардааст.

Франсуа Пиле дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, чунин гардиши қазия вазорати адлияи Амрикоро дар ҳолати ногувор қарор додааст. “Агар додрас қазияро ба нафъи ҳукумати Узбакистон ҳал кунад, тамоми пулҳои ҳабсшуда дар бонкҳои Аврупо дубора ба ботлоқи фасод дар Узбакистон бархоҳад гашт. Ҳамон гуна ки ба мо маълум шуд, ҳоло додрас аз ҷониби Узбакистон хостааст, барои тақвияти талабаш асноди бештар пешниҳод кунад. Аммо маълум аст, ки афроди ҳасбшуда ба ҷурми фасодкорӣ дар Узбакистон афроди хеле наздик ба Гулнора Каримова ҳастанд,” -- афзуд ӯ.

Амрико тобистони соли гузашта аз панҷ кишвари аврупоӣ хост, то дороиҳои се ширкати бузурги мухобиротӣ - МТС, Вимпелком ва Teliasonera-ро ҳабс кунанд, ки ба бовари Иёлоти Муттаҳида барои тиҷорати Гулнора Каримова -- духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон даҳҳо миллион доллар додаанд. Аз ин пеш додгоҳе дар Амрико ба ҳабси 300 миллион доллар пули Гулнора Каримова дар суратҳисобҳои бонкии Bank of New York Mellon дар Ирландия, Люксембург ва Белгия низ иҷоза дода буд.

Дар гузашта собит шудааст, ки Гулнора Каримова барои ба бозори мухобироти Узбакистон роҳ ёфтани ширкатҳои хориҷӣ ва ҳам пуштибонии фаъолияти онҳо 1 миллиард доллар ришва гирифтааст. Гузориши Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта ҳокист, ки "Вымпелком", Alfa Telecom, МТС ва чанд ширкати дигар дар маҷмӯъ ба ҳисобҳои духтари Каримов 980 миллион доллар пулро интиқол додаанд.

Муаллифони ин гузориш мегӯянд, TeliaSonera ба Гулнора Каримова 381 миллионр доллар, "Вымпелком" ва ширкати зери назари он "Альфа-Телеком" – 176 миллион доллар ва МТС 350 миллион долларро ҳадя кардаанд. Илова ба ин, тахминан 90 миллион доллари дигарро духтари президент аз ду ширкати дигар ҳам дастрас кардааст, ки дар Узбакистон бо насби ноқилҳои фибронурӣ машғул будаанд. Намояндаи ширкати "Вымпелком" Артем Минаев ба "Интерфакс" гуфтааст, ки дар бораи тафтиши ҳукумати ИМА хабар дорад ва ин ширкат бо муфаттишон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Минаев гуфтааст, ки аз ин беш чизе гуфта наметавонад.

Аз рӯи иттилои қаблӣ, додситонии кулли Узбакистон ҳам Гулнора Каримоваро барои азхудкунии 53 миллион доллар пул муттаҳам мекунад. Баъд аз моҷарои калони хонаводагӣ дар оилаи президент Ислом Каримов, пахши асрори тиҷоратии ҳамдигар аз ҷониби Лола ва Гулнора Каримоваҳо зидди ҳамдигар дар матбуот ва интернет, иттиҳоми ҳамдигар дар азхудкунии маблағҳову назорати бахши азими бизнеси хусусӣ дар Узбакистон, бунёди хайрияти Гулнора Каримова дар Тошканд баста, баъзе кормандонаш ба зиндон андохта шуданд, худи Гулнора ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Президент Ислом Каримов ҳеч гоҳ ин қазияро дар мазҳари ом шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG