Муҳаммадшарифи Сулаймон, ки беш аз сӣ сол инҷониб ба ҳайси мураббӣ ифои вазифа мекунад, садҳо шогирдонро ба воя расондааст. Онҳо имрӯз парчамбардорони Тоҷикистонанд ва дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудаанд.
“Ба як мард чил ҳунар кам аст” гуфтаанд. Муҳаммадшариф-паҳлавон аз зумраи чунин мардон аст. Ӯ ҳангоми фароғат ҳамроҳи дӯстонаш сурудхонӣ мекунад ва худ дар навохтани дутору дойра маҳорати хуб дорад. Муҳаммадшариф-паҳлавонро дӯстонаш Шарифшоир ҳам ном мебаранд. Китоби ӯ бо номи “Чаҳорпораи дил” нашр шудааст.
Муҳаммадшарифи Сулаймон орзу дорад, ки шогирдонаш ба мисли ҳамсабақаш Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбо ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шаванд ва ин риштаи варзиш ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил гардад.