Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи як санҷиш миёни наздик ба 500 тан аз донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт, 80 дарсади онҳо баҳои қаноатбахш нагирифтаанд. Гавҳар Шарофзода, раиси ин кумита рӯзи 3 феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин санҷиш дар се моҳи ахири соли 2015 дар шакли диктант гузаронида шудааст. Хонум Шарофзода афзуд, ки соли 2016 кумита ин санҷишро тавассути иншо баргузор хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, як сабаби асосии нокомии донишҷӯён дар ин санҷиш, аз 140 соати омӯзиши дарси забони давлатӣ ба 64 соати дарсӣ кам кардани он аст. Вай ҳамзамон гуфт, ки раҳбарони аввали муассисаҳои олии пойтахт то ҳанӯз қонуни забонро дар амал татбиқ намекунанд.