Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ордени "Шараф" барои Озодаи Раҳмон ва Дилшод Назаров


Президент Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор ходимони давлат ва намояндагони илму варзиш дар "Кохи Миллат" ҷоизаҳои баланди давлатӣ супурд.

Озода Раҳмон, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ордени “Шараф”, дараҷаи як, қадрдонӣ шудааст. Ин орден рӯзи 28 август дар “Кохи Миллат”-и Душанбе бахшида ба 24-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон тақдим гардид. Озода Раҳмон духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки рутбаи дипломатии Сафири фавқулодда ва мухторро дорад. Ӯ соли 2000-ум Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2006 Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди Амрико (бахши забономӯзӣ)-ро хатм кардааст. Аз 15 майи соли гузашта муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ таъин шудааст. Маросими ҷоизасупории рӯзи 28 август дар Душанбе ба муносибати истиқболи 24-ум солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд. Рӯзи ҷумъа ҳамчунин ба як қатор кормандони дигари давлатӣ ҷоизаҳо супурда шуд.

Тавре дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, имрӯз варзишгари маъруф, барандаи медали нуқраи Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров соҳиби ордени "Шараф", дараҷаи 2 шуд. Дилшод Назаров дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар гурзандозӣ миёни мардон дар Пекин бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дувумро аз они худ кард. Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин комёбӣ мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст. Дар тӯли

20 сол, яъне баъди пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар Гётеборги Шветсия, дар риштаи варзиши сабук касе аз Тоҷикистон дар сабқати ҷаҳонӣ медал нагирифта буд. Гурзандози маъруфи тоҷик барои медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар навъи олимпӣ бо 150 ҳазор сомонӣ ҷоизаи раисиҷумҳур мукофотонида хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, Дилшод Назаров барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 бо ҷоизаи сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – ҷамъият ҶДММ “Ғаюр” сарфароз мегардад. Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.

Дар маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 28 август инчунин раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Твери Русия Муқим Майбалиев бо ордени Дӯстӣ қадрдонӣ шуданд. Дар хабар омадааст, ки хизматҳои зиёда аз 20 намояндаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 12 олими соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015 қадрдонӣ шуданд. Дар миёни онҳо, донишманди илмҳои тиб ва табиатшиносӣ Ҳилолиддин Назаров, номзади илми тиб Рухшона Ҷамолова, номзади илми физика Маҳмадсалим Абдукаримов бо ин ҷоизаи давлатӣ сарфароз гардиданд. 5 корманди сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо рутбаҳои навбатии дараҷавӣ, ҳарбӣ ва махсус сарфароз шуданд. Аз ҷумла, ба поковники адлия Сафаралӣ Мирзозода - муовини Прокурори генералӣ ва Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи дараҷавии навбатии «Генерал-майори адлия» дода шуд.

XS
SM
MD
LG