Роман Авдоян, муаллифи ин китоб, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, гуфт, ки баъд аз талошҳои бисёрсола таҳияи ин китоби воқеъан нодирро тамом кард. Тули ҳазорсолаҳо язидиҳо боре ҳам дар бораи маросимҳои мазҳабӣ ва дуоҳо ё «қавл»-ҳои худ сатре нанавиштаанд ва онҳо аз насл ба насл аз тариқи шифоҳӣ интиқол меёфтанд, афзуд ӯ.
Аммо ин асар на фақат нахустин пажуҳиш дар бораи маросимҳои мазҳабӣ, балки қиссаи ҷолиб аз рӯзу рӯзгор ва маросиму анъанаҳои миллии язидиҳо ҳам хоҳад буд. Ба хотири таҳияи китоб чанд ҳафтаро дар Ироқ сипарӣ кардам, зеро бо вуҷуди таъқибу фишори бесобиқа аксари маросимҳои мазҳабиву анъанаҳои миллӣ он ҷо то ҳанӯз побарҷоянд, гуфт Роман Авдоян.
Зимнан, ин дуввумин китоби Роман Авдоян дар бораи язидиҳост – соли гузашта китоби ӯ «Наслкӯшиҳои мардуми язидӣ ё Ваҳшати Шангал» нашр шуд, ки аз сарнавишти талхи ин мардум ва ба вижа, куштори мардҳои язидиву чун ғулом фурӯхтани занону духтарони ин қавм аз сӯи гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар минтақаи Шангали шимоли Ироқ қисса мекунад. Ситезаҷӯён баъд аз ишғоли манотиқи язидинишини Ироқ занҳоро ҷудо мекарданд ва мардҳову наврасҳои аз 14-сола болоро ба қатл мерасонанд. Духтарони зебову бокираро, ки қиматашон аз нигоҳи ҷангиён боло буд, ба шаҳри Раққаҳ мефиристоданд.. Роман Авдоян аз қавли мардуми огаҳ навиштааст, ки чӣ гуна қабл аз ҳама шайхҳо, баъдан амирҳо ва дар ниҳоят ҷангиён ҳар кадом се-чаҳорӣ духтарро тақрибан як моҳ пеши худ нигаҳ медоранд ва сипас онҳоро ба бозор мебароранд
Қарор аст, ки китоби «Наслкӯшиҳои мардуми язидӣ ё Ваҳшати Шангал» ба зудӣ ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ ҳам нашр шавад.
«ҚАВЛИ ХУДО» - ДУОИ АРАБӢ-ФОРСИИ ЯЗИДИҲО
Роман Авдоян мегӯяд, ки аз қавмҳои қадимӣ анъанаву маросимҳои аҷоиб ва гоҳҳо ҳатто ғароиб ба мерос мондаанд. Аммо агар дигар ақвом ин ҳамаро тавассути дастхату китобҳо боқӣ гузошта бошанд, язидиҳо, чун ҳамеша зери таъқиб буданд, анъанаҳои мазҳабиву миллии худро аз роҳи шифоҳӣ ҳифз кардаанд.
Курдҳову язидиҳо аз як қавманд ва фақат курдҳо мусалмонанд ва язидиҳо дини худро доранд, мегӯяд мусоҳиби мо. Бар пояи маъхазҳои таърихӣ, дини язидӣ дар қарни 12 аз сӯи Шайх Адӣ ибн Мусофир ё Шайх Адӣ поягузорӣ шудааст. Дар қарнҳои 14 ва 15 дини язидӣ бо баъзе аз бовару эътиқодҳо аз дини зардуштӣ, яҳудӣ, насронӣ ва ислом шақли комилро гирифт. Дини язидӣ ҳамроҳ бо динҳои дигар мардуми курд – алевӣ (на алавӣ!) ва али-илаҳ дар дини умумии яздонизм муттаҳид шудааст.
Дар дини язидӣ «қавл»-ҳо, «байт»-ҳо ва ҳамчунин ҷандил, дуруз, мисҳабат чун дуо суруда мешаванд ва қаввалҳо, афроде, ки онҳоро месароянд, пойинтарин табақаи рӯҳониҳо маҳсуб мешаванд. Дар табақаи боло - шайхҳо ва пирҳоянд, ки ягон маросими мазҳабӣ бидуни онҳо намегузарад. Аз ҷумла, маросими дафн ё «шин», ки бо дуои «тан аз хок ба вуҷуд омаду ба хок меравад ва аммо рӯҳ ҷовид аст» ифтитоҳ мешавад.
Роман Авдоян мегӯяд, язидиҳо лаҳзаҳои видоъ бо шахси фавтидаро чун поёни роҳи рӯҳ ба олами дигар мехонанд ва ӯ дар ин роҳ бояд аз «Пра Салатэ» (Пули Сирот) гузарад. Барои убур аз ин пул бояд дар маросими видоъ шайху пирҳо ҳатман ҳузур дошта бошанд. Зимнан, қадимитарин қавл ё дуои язидиҳо «Qewlê Xwedê» ё «Қавли Худо» аст, ки дар се сатри кӯтоҳи он вожаҳои арабии «мол», «қавл», «набӣ», мереб (мураббӣ) ва калимаҳои форсии “ҳар кас”, “рӯ” ва “Худо”-ро метавон вохӯрд.
“СЕ ҲАРФ” Ё АЗ КАДОМ СЕ ГУНОҲИ КАБИРА БОЯД ПАРҲЕЗ КАРД
Амо Шароян, раиси Иттиҳодияи миллии язидҳои Арманистон «Мидиа-Шангал», мегӯяд, ки ҳоло ҳам язидиҳо вожаҳои зиёди форсиро истифода мекунанд. Мо ва форсҳову тоҷикҳову курдҳо аслан аз як решаем ва забонамон ҳам хело бо ҳам монанд аст, бигирем, мо мисли тоҷикҳо ҳисоб мекунем ва нонро «нон» талаффуз мекунем ва ҳамин хед садҳо калимаҳои шабеҳ дар луғату мову тоҷикҳо мавҷуданд, мегӯяд Амо Шароиён. Ӯ мегӯяд, ки албатта дар забонашон вожаҳои худӣ бештаранд ва аммо агар ягон форсизабон ба гуфтугӯи язидиҳо таваҷҷуҳ кунад, сӯҳбаташро ба хубӣ мефаҳмад.
Роман Авдоян, мегӯяд, ки як бахши китоб ба ҷашни маросимҳои мардуми язидӣ бахшида шудааст. Ӯ ҳам иқрор мекунад, ки баъзеи идҳои язидиҳову мардуми форснажод шабеҳи ҳаманд. Яке аз муҳимтарин идҳои қавм – Сарсол (Сари сол), Яъне иди Соли нав аст, ки моҳи март таҷлил мешавад. Вижагии ид, ки онро “Чаршама Сор” (“Чоршанбеи Сурх”) ҳам ном мебаранд, дар кулчапазиву ранг кардани тухм барои арвоҳи гузаштагон аст. Язидиҳо кулчаву тухмро ба қабристон мебаранд.
Баъд аз таҷлили Сарсол мардуми рустоҳои язидӣ тайи як моҳ ҳар рӯз мавлуди афроди муқаддасро, ки “тавоф” ном дорад, ҷашн мегиранд. Иди Язид дар ҷумъаи дуввуми моҳи декабр таҷлил мешавад. Баъд аз як ҳафтаи он язидиҳо дар Иди Шамс ҷамъ меоянд, ки бештар шабеҳи Шаби Ялдо аст ва решаи зардӯштӣ дорад.
Ба гуфтаи Роман Авдоян, язидиҳо аз се гуноҳи кабира парҳез мекунанд, ки “се ҳарф” ном дорад. Аввалан, язиди ҳақиқӣ набояд бо намояндаи дигар табақа никоҳ ё робитаи ғайри машрӯъи ҷинсӣ дошта бошад. Сониян, язидӣ ҳаққӣ хонадор шудан бо пайрави дини дигар ва ба ин васила қабул кардани дини дигарро надорад. Ва дар ниҳоят, язидӣ ҳақ надорад, ки ба афроди рӯҳонӣ даст боло кунад.
“Каъба”-и язидиҳо ибодатгоҳи канори Мақбараи Шайх Адӣ дар Лалеша, воқеъ дар 40 километрии шимоли шаҳри Мовсили Ироқ воқеъ аст. Язидиҳо Худои ягона ва ҳафт фариштаи ӯро эътироф мекунанд. Дар Лалеша ҳафт муҷассамаи биринҷии паррандаҳо (“санҷак”) ҳифз карда мешавад, ки ҳар яке аз онҳо рамзи яке аз фариштаҳост.
НИЛУФАР – РАМЗИ НАСЛКӮШИИ ЯЗИДИҲО
Язидиҳову курдҳо дар ҷанги Русия ва Туркияи Усмонӣ пушти ду сангар қарор гирифтанд – язидиҳо аз русҳо пуштибонӣ мекарданд, курдҳо – аз туркҳо. Амо Шароиён мегӯяд, ки Туркияи Усмонӣ якҷоя бо арманиҳо язидиҳоро ҳам аз дами теғ гузарониданӣ буд. Наслкӯшии язидиҳо соли 1915 шурӯъ шуд ва даҳҳо ҳазор язидӣ ба Қафқоз ва Русия фирор карданд. Тули таърих моро чандин бор генотсид карданд ва акнун ин ваҳшониятро дар Ироқ гурӯҳи «Давлати исломӣ» идома медиҳад, меафзояд мусоҳиби мо.
Қарор аст, ки рӯзи 21 апрели соли равон дар шаҳри Ереван нахустин муҷассамаи ёдгории наслкӯшии язидиҳо дар Шангал ифтитоҳ шавад. Ба ин хотир язидиҳо аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла, аз Аврупо, ба Арманистон меоянд. Зимнан, ба гуфтаи Амо Шароян, қарор аст, ки Анҷумани ҷаҳонии язидиҳо ҳам таъсис шавад – нахустин нишасти гурӯҳи муассисон чанде пеш дар Фаронса баргузор шуд.
Айни ҳол бахши аъзами язидиҳои бурунмарзӣ дар Арманистону Гурҷистон ва дар Русия ба сар мебаранд - дар ин кишварҳо теъдоди онҳо тақрибан 50 ҳазор нафарӣ аст. Ба гуфтаи Амо Шароян, язидиҳо дар Ироқ ва дар Қафқоз асосан ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғуланд. Теъдоди умумии язидиҳо, ки решаи авлодашонро аз Бобулистони бостон мехонанд, дар сартосари олам тақрибан 2,5 миллион нафар аст ва бахши аъзами онҳо дар Ироқ ба сар мебаранд.
Раҳбари анҷумани язидиҳои Арманистон мегӯяд, замони қудрати Саддом Ҳусейн талош карданд, ки ин мардумро чун қавми араб сабт кунанд. Аммо муваффақ нашуданд, як мақоли маъруфи язидиҳо ҳаст, ки “Садбаргро чӣ гуна, ки ном набарӣ, садбарг боқӣ мемонад”.
Амо Шароиён мегӯяд, ки як сол пеш рамзи наслкӯшии язидиҳо лотос ё нилуфар интихоб шуд. Агар нилуфарро аз реша барканӣ ва баъд аз сад ё ҳазор сол дар ҳамон ҷояш дубора шинонӣ, зуд гул мекунад, мегӯяд ӯ. “Сарнавишти мо язидиҳо ба гули нилуфар монанд аст, моро борҳо аз беху бун барканданӣ шуданд, вале тавонистем, ки дубора эҳё шавему шукуфем...”