Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мангар, ки чӣ мегӯяд, бингар, ки кӣ мегӯяд?”


"Риштарошон"-у манъи ҳузури баъзеҳо дар намози ҷумъа ва дигар дастурҳои мақомоту масъулини дин, аз нигоҳи таҳлилгарон, боиси нигаронии эътиқодмандон аз нақзи озодиҳои мазҳабияшон шудаанд

Муродалӣ, корманди яке аз вазоратхонаҳои Тоҷикистон, бори ахир моҳи сентябр дар намози ҷумъа ҳузур дошт. Ӯ мегӯяд, баъд аз ҳаводисе, ки “исёни генерал Абдуҳалим Назарзода” арзёбӣ мешавад, дари масҷид ба рӯи ӯву дигар ҳамкоронаш баста шуд. Раҳбарон ба ишора ба дастур аз “боло” ба ҳама маслиҳат доданд, ки аз намози ҷумъа сарфи назар кунанд.

"РОҲИ МАСҶИДРО ФАРОМӮШ КУНЕД!"

Муродалӣ мегӯяд, ин дастурро бо чашми худ надидааст, аммо он шояд барои он содир шудааст, ки баъзе аз кормандони вазорату идораҳоро баъд аз намози ҷумъа дар ҷойи корашон рӯзи равшан бо чароғ пайдо кардан наметавон. Барои иддае аз онҳо намози ҷумъа як баҳона аст, намоз меравем мегӯянд ва аммо на ба масҷид, балки сӯи бозор ё хона тоб мехӯранд ва баъзан коруфтодаҳо соатҳо пушти дари кабинетҳои ин мансабдорон интизор мемонанд. Ин мусоҳиби мо, ки аз ифшои ному насаби аслияш худдорӣ кард, мегӯяд, акнун одамони воқеъан эътиқодманди вазорату идораҳо аз ширкат дар намози ҷумъа маҳрум мондаанд.

Ҳусейн Шокиров
Ҳусейн Шокиров

Ҳусейн Шокиров, раҳбари Раёсати иттиҳодияҳои дини Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, мавҷудияти дастури манъи ҳузури кормандони давлатӣ дар намози ҷумъаро тасдиқ ё инкор накард, аммо гуфт, чун иддае аз онҳо баъди адои намоз сари ҷойи кор барнамегарданд, аз ҳама талаб шудааст, ки берун аз талаботи Кодекси кор пой нагузоранд. Ин кодекс соати кориро аз соати 8 то 6-и бегаҳ ва танаффус барои таоми нисфирӯзро аз соати 12 то соати яки баъд аз зӯҳр муқаррар кардааст ва раҳбарон ҳақ доранд, ки иҷрои онро аз зердастонашон талаб кунанд, мегӯяд Ҳусейн Шокиров.

Намози ҷумъа ибодати дастаҷамъона аст ва Худованд дар Қуръон, дар сураи «Ҷумъа», ба бандагонаш амр кардааст, ки ин намозро ҳамроҳ адо кунанд. Қарнҳои пеш ширкат дар намози ҷумъа барои ҳама мансабдорон шарт буд, зеро дар хутбаҳои намоз масъалаҳои муҳиму оҷили давлатӣ матраҳ мешуданд. Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, рӯҳонии маъруфи тоҷик мегӯяд, дар вазъи феълии Тоҷикистон, ки ҷавонони зиёде раҳгум задаанд ва бархе аз онҳо гӯё ба хотири ҷиҳод ва аммо дар асл бо аҳдофи дигар ба ҷангҳо дар Сурияву Ироқ мераванд, бояд имом-хатибҳо дар хутбаи намози ҷумъа онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунанд. Ҳузури кормандони давлатӣ дар ин намоз аз манфиат берун нест.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода
Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Суоле, ки дастур дар чаҳорчӯби талошҳо барои ҷилавгирӣ аз афзоиши аз байн бурдани ифротгароӣ ё дар пайи нигарониҳо аз эҳтимоли “кӯчидан”-и ақидаҳои “ғайри мазҳаби ҳанафӣ” ба долонҳои ҳукумат содир шудааст ё воқеъан мақомот аз нақз шудан Кодекси кор нигаронанд, ҳанӯз бидуни посух аст. Аммо Раҳматуллои Абдулло, таҳлилгари тоҷик мутмаин аст, ки пайдо кардани роҳҳали ин қазия чандон душвор нест. Бигирем, мешавад, ки соати корӣ як соат пеш оғоз ёбад ва танаффуси нисфирӯзӣ як соат тамдид шавад. Албатта, агар дар Тоҷикистон чун дар Эрону Афғонистон на шанбеву якшанбе, балки ҷумъа рӯзи истироҳат эълон мешуд, ин мушкил худ аз худ аз байн мерафт, мегӯяд ӯ.

РИШИ ТОҶИКҲО – РИШИ “СИЁСИСТ”

Аммо дастур дар бораи маҷбуран тарошидани риши мардон, ки “муаллиф”-аш пушти парда мондааст, пурсару садотарин дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон буд. Ин шеваи ғайримуқаррарии мубориза бо ифротгароӣ баъди он расонаӣ шуд, ки ҳомии ҳуқуқ аз Хуҷанд Рустам Гулов ба дасти милисаҳои “риштарош” афтод. Баъд аз он ки даҳҳо нафар аз иҷборан тарошидани ришашон аз сӯи кормандони милиса шикоят карданд, вазорати умури дохила эълом дошт, ки дастури расмие дар бораи тарошидани риши мардум содир накардааст ва ду афсари милиса барои худсарӣ ҷазо ҳам гирифт.

Раҳматуллои Абдулло
Раҳматуллои Абдулло

Вале қазияи ба беҳӯшӣ ё "кома" афтидани сокини шаҳри Ваҳдат Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия, баёнгари идомаи “риштарошон” буд. Пайвандони Умар кормандони милисаро айбдор мекунанд, ки ӯро ба хотири сарпечияш аз маҷбуран тарошидани риш лату кӯб кардаанд. Аммо ҳомиёни тартибот гуфтанд, ки ҷавон дар ҳоли мастӣ ба ҷӯйбор сарозер шуда аз ҳуш рафтааст. Умар баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ дар бемористон даргузашт. Ҳамон рӯзҳо “ошӯб”-и генерал Абдуҳалим Назарзода ба вуқӯъ пайваст ва ин қазия фаромӯш шуд.

Дар ҳамин ҳол бархе таҳлилгарон бар онанд, ки риш дар Тоҷикистон, бо фарқ аз дигар кишварҳо, баёнгари эътиқод ва риояи суннати Паёмбар нест - он акнун ба “шиноснома” табдил шудааст ва пайравони гурӯҳҳое, ки андешаҳои ифротгаро доранд, ҳамандешаҳои дигарро аз рӯи ришашон шиносоӣ мекунанд. Риш характери эътиқодии худро гум карда, характери сиёсӣ гирифтааст, мегӯяд онҳо.

Ҳафиз Бобоёров
Ҳафиз Бобоёров

Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик, ҳам риш на фақат суннат, балки сиёсат мехонад, зеро пайравони гурӯҳҳои гуногуни мазҳабӣ бо либосу риш аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин ҳама баъд аз он шурӯъ шуд, ки салафиҳо омаданд ва иддао карданд, ки риш бояд ба ин шакл бошаду либоспӯшӣ ба ин шакл, мегӯяд ӯ. Ҳафиз Бобоёров меафзояд, то ба ҳамин наздикиҳо коршиносони ғарбӣ мегуфтанд, ки мо набояд бо зоҳири афрод кордор шавем. Вале онҳо акнун ба хулосае расиданд, ки либоспӯшиву ришмонӣ ҳам рабте ба сиёсат дорад ва ин “як муборизаи символикӣ ё рамзӣ” аст. Ва вақте баъзе доираҳои муайян ба бархӯрдҳо хело ҳассос ангеза медоданд, ки чаро риши фалониҳои метарошанд ва чаро ба либоспӯшии дигарон сару кор мегиранд, решаи ин ҳассосият ҳамон муборизаи рамзӣ аст, мегӯяд таҳлилгар.

Бо вуҷуди ин, аз нигоҳи коршиносон, ин ҳама наметавонад ангезае барои аз роҳи зӯрӣ тарошидани риши мардум шавад...

БА ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ ...БО ЛИБОСИ МИЛЛӢ

Дастури тайғири шеваи либоспӯшӣ ва рӯймолбандии духтарони Донишкадаи давлатии исломӣ ва Гимназияи исломии Тоҷикистон ҳам имсол боиси баҳсу сару садои зиёде гардид. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гуфтанд, ки бо дастури ҳукумат барои омӯзгорону муҳассилини донишкада ва гимназияи исломӣ либоси милли тоҷикӣ таҳия мекунанд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки дар таҳияи либоси ягона ба атлас бартарӣ диҳанд.

Донишкадаву гиманзияи исломии Тоҷикистон фақат муассисаҳои таълимиянд, ки духтарон иҷозаи бо сатр ба дарс омаданро доштанд. Либоси маъмулии омӯзгорону духтарон ҳиҷоби исломӣ буд ва онҳо рӯймоли калонро бо шеваҳои мухталиф баста, куртаҳои дарозу озод ба бар мекарданд.

Дастури таҳияи либоси ягона барои духтарони донишгоҳи исломӣ –вокуниш ба изҳороти Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар мулоқотҳояш бо занон бо интиқод аз либоси исломӣ ва бегона, аз масъулин мехост, ки миёни занону духтарон либоси миллиро ташвиқ намоянд. Омӯзгорон ва духтароне, ки дар донишкада ва гимназияи исломии Тоҷикистон тадрис доранд, мегӯянд, онҳо ба либоси миллӣ мухолифат надоранд ва акнун на бо либоси “арабӣ” ва “туркӣ”, балки бо куртаву поҷома ба дарс меоянд. Зимнан, бархе аз духтарони ҳанӯз ҳам сатрпӯш ҳушдор гирифтаанд, ки агар аз сатру рӯсарӣ худдорӣ накунанд, ихроҷ мешаванд. Муҳаббат, яке аз муҳассилини Донишкадаи исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо кӯшиш мекунанд қонуну қоидаи донишгоҳро риоя кунанд, агар он хилофи ақидаҳои мазҳабияшон набошад.

Гуфта мешавад, ки имсол дастуре дар бораи "меъёр"-и нишасту хези намозгузорон ҳам содир шуд. Бароталӣ Ҳамидзода , як масъули вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 3 июл дар масҷиди марказии пойтахт бо таъкиди эҳтиром ба мазҳаби ҳанафӣ гуфт, нафароне, ки аз байни намоз хеста баромада мераванд, ҳамчун аъзои гурӯҳҳои ғайр дониста шуда, нисбат ба онҳо чораандешӣ мешавад. Зоҳиран ишораи ӯ ба пайравони ҷараёнҳое буд, ки маъмулан ду ракъат фарзи намози ҷумъаро хонда, то он ки чор ракъати суннат хонда шавад, аз масҷид берун мешаванд.

Таҳлилгарон ҳадс мезананд, шояд мақомот дар тарки барвақти намоз падидае аз эътирозро диданд, зеро, таври маъмул, дар поёни намоз имом-хатибҳо дар ҳаққи раҳбари аввали кишвар дуо мекунанд.

Дастури ба ҷойҳои ҷамъиятиву корхона табдил додани баъзе масҷидҳоро низ таҳлилгарон намунаи фишор болои дину мазҳаб мехонанд.

Комиссияи байнулмилалии озодиҳои мазҳабӣ дар Амрико имсол дар як гузориши вижа таъкид кард, ки вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон баъд аз қабули Қонуни озодии виҷдон дар соли 2009 бадтар шуд, зеро ин қонун сабти номи ҳатмии ҳамаи гурӯҳҳои мазҳабӣ, назорати давлатӣ ба мундариҷаву нашр ва вуруди куллияи матолиби диниро тақозо мекунад.

Коршиносон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон бо ироаи дастурҳои баҳсбарангез ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар баҳонае доданд, ки рейтинги Тоҷикистонро пойин баранд ва онро дар феҳристҳо дар паҳлӯи Ӯзбакистон, кишвари саркӯбкунандаи озодиҳои мазҳабӣ, ҷой бидиҳанд...

XS
SM
MD
LG