Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2016. Тоҷикистон бо Русия рақобат мекунад


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 бо дастаҳои Латвия, Русия ва Эстония рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии мусобиқаи XXIV байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016, ки рӯзи 17-уми декабр дар Хонаи футболи Русия баргузор шуд, дар гурӯҳи “В” бо тимҳои ҷавонони Латвия, Русия ва Эстония рақобат хоҳад кард.

Ин мусобиқа аз 16-ум то 24-уми январи соли 2016 бо ширкати 8 даста, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегардад. Ба мусобиқа бозигарони соли таваллудашон на аз 1994 боло роҳ дода мешаванд. Барои ба даст овардани Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Эстония мубориза мебаранд.

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Иттиҳод-2016:

Гурӯҳи «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Эстония, Русия, Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони синашон то 22-сола ташкил ёфтааст, омодагиро ба мусобиқаи XXIV байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2016” рӯзи 19 декабр шурӯъ мекунад.

Ба рӯйхати васеи мунтахаби ҷавонон 31 бозигар – 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар - дохиланд. 23 нафари онҳо, аз он ҷумла 3 дарвозабон, барои аввалин бор ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонон даъват шудаанд.

Ба иттилои мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22), даста пеш аз Ҷоми Иттиҳод-2016 дар Санкт-Петербург ду ҷамъомади таълимиву тамринӣ – аз 19 то 30 декабр ва аз 2 то 14 январ анҷом медиҳад.

Ба ҳайати ситоди мураббиён таҳти раҳбарии Роман Пилипчук сармураббии «Вахш»-и Қӯронтеппа Рустам Хоҷаев, раҳбари ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Баҳодур Сӯфиев, мураббии тарбияти бадан мутахассиси украинӣ Владимир Власенко ва мураббии дарвозабонҳо Амоншо Саодатсайров дохиланд.

Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22):

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев («Барқи тоҷик»), Фатҳулло Бобоев («Далерон-Ӯротеппа»), Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев (ҳарду – «Вахш»);

Ҳимоятгарон: Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Алишер Шарифов (ҳама– «Регар-ТадАЗ»), Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд»), Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Саидхони Амрохон («Равшан»), Алишер Сафаров, Қувватбек Равшанбеков (ҳарду – «Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Фаридун Шарифов, Абдулло Саидов, Фирӯз Қараев, Нозим Бобоҷонов (ҳама – «Регар-ТадАЗ»), Вайсиддин Сафаров («Барқи тоҷик»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Эҳсони Панҷшанбе («Вахш»), Мӯҳсин Парпиев, Парвиз Ҳамидов (ҳарду — «Хайр»), Сайёди Ковусшо (ССКА «Помир»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Фирӯз Раҳматов («Барқи тоҷик»), Бузургмеҳр Раҳмоналиев (ССКА «Помир»), Абдурасул Раҳмонов («Равшан»).

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев соли гузашта дар мусобиқаи XXIII байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2015” дар байни 12 даста дар ҷойи 8-ум қарор гирифт ва аз тимҳои Молдова, Латвия, Литва ва Эстония пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 6 бозӣ дар дутоаш бар тимҳои Қазоқистон (1-0) ва Литва (2-1) пирӯз шуда, дар чор бозӣ аз дастаҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (1-3), Туркманистон (0-2), Қирғизистон (1-3) ва Қазоқистон (0-2) шикаст хӯрданд. Таносуби тӯбҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 5-11 буд.

XS
SM
MD
LG