Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, ки Хуршед гӯё маризии рӯҳӣ доштааст


Кормандони намояндагии Вазорати кор,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, ки баъзе аз ҷузъиёти марги ҷавони тоҷик Хуршед Отанбеков дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ошкор шуд.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷавони дар фурудгоҳи Внуково ба ҳалокат расида - Отанбеков Хуршед Сармастович, 11 декабри соли 1989 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, дар кӯчаи ба номи Федин (ҳоло ба номи Асадулло Ғуломов) мезист.

Кормандони намояндагии вазорати кор ва консулгарии Тоҷикистон дар Маскав бо хоҳари ӯ Шукрона Отанбекова дар тамос шуданд, афзуд ӯ. Иброҳим Аҳмадов аз қавли Шукрона гуфт, ки бародараш моҳҳои ахир ба маризии рӯҳӣ мувоҷеҳ буд. Хуршед бояд рӯзи 11 ноябр аз фурудгоҳи Домодедово ба Душанбе парвоз мекард ва аммо маҳз бар асари хурӯҷи маризӣ натавонист аз хона берун барояд.

Иброҳим Аҳмадов бо такя ба сӯҳбаташ бо Иван Сибул, раҳбари раёсати тафтишоти бахши минтақавии Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, зеро муфаттишон далелҳои кофӣ зери даст надоранд.

Алҳол ҷасади Хуршед Отанбеков дар сардхона аст ва кормандони намояндагии вазорати кор ва консулгарии Тоҷикистон дар садади таҳияи ҳуҷҷатҳоянд ва рӯзҳои наздик баъд аз дарёфти иҷозаи мақомоти тафтишотӣ ӯро ба Душанбе интиқол медиҳанд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба фарзияи маризи рӯҳӣ будани Хуршед Отанбеков шубҳа доранд. Каримҷон Ёров, раҳбари созмони “ЭтМос”, яке аз ҷамъиятҳои тоҷикони Маскав мегӯяд, ки ӯ ҳам дар фурудгоҳи Внуково фарзияи маризи рӯҳӣ будани Хуршедро шунид ва аммо ба он бовар надорад ва ҳадс мезанад, ки дар ин ҳодиса шояд кормандони милиса муқасир бошанд. "Баъзеҳо ишора карданд, ки ман навори дурбинҳо ё камераҳои назоратиро бубинам, дар он ҷо ҳамааш рӯшану возеҳ аст", мегӯяд ӯ. Аммо ин наворҳоро кормандони Кумитаи Тафтишоти Русия мусодира кардаанд ва қарор аст, ки онҳо фақат шоми рӯзи панҷшанбе бо такя ба ин наворҳо назарашонро дар бораи ин ҳодиса бигӯянд.

Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, шаҳрвандони Тоҷикистон аз кормандони полиси фурудгоҳи Фнуково шикоят мекунанд, ки ҳамеша шаҳрвандони Осиёи Марказиро нигаҳ дошта, бо алфози дурушту дағал аз онҳо пул талаб мекунанд.

Гавҳар Ҷӯраева, муассис ва раҳбари созмони “Муҳоҷират ва қонун”, ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шикоятҳои зиёди муҳоҷирон аз бадрафтории полиси Внуковоро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар ин бора ҳатто барномаи "Человек и Закон"-и шабакаи аввали телевизиони Русия сужае таҳия карда буд. Кормандони полиси фурудгоҳ муҳоҷиронро "шикор" мекунанд ва онҳоро ба идораашон дар таҳхонаи фурудгоҳ бурда аз онҳо пул меситонанд, гуфт хонум Ҷӯраева. Мавзӯъи тамаъҷӯии кормандони милиса, аз ҷумла, дар фурудгоҳи Внуковоро Гавҳар Ҷӯраева дар нишасти қарибулвукӯи Шӯрои ҷамъиятии Русия ба миён гузоштанист.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Гавҳар Ҷӯраева, дар ин қазия суолҳои беҷавоб хело зиёданд - аз ҷумла, агар Хуршед Отанбеков маризи рӯҳӣ буд, чӣ гуна пайвандонаш ӯро танҳо гузоштанд? Ва чаро маризи рӯҳиро ба муҳоҷирати корӣ ба Русия фиристодаанд?

Аз ин пеш Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба мо гуфта буд, шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия қонунӣ ба сар мебурд ва на бо пулис Русия ва на бо Хадамоти муҳоҷират мушкиле надошт ва аз ин рӯ ҷузъиёти марги мармӯзаш бояд хело зуд ошкор карда шаванд. Ӯ аз расонаҳои русӣ ҳам гила кард, ки дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон хело зуд қазоват карда, бо ишора ба пайдо шудани нусхаи Қуръони Шариф ӯро ҳатто "ваҳҳобӣ" номиданд.

Аз ин пеш Раёсати бозрасӣ дар нақлиёти Русия хабар дод, ки ба таҳқиқи ҳодисаи фавти як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав шурӯъ кардааст. Мақомоти корҳои дохилии Русия мегӯянд, ки шоми 11 ноябр як ҷавони тоҷик баъди “пурсупоси” маъмурони пулис аз зинаи болоии фурудгоҳи Внуково худро ба замин партофта ва ҷон додааст. Бино ба ҳуҷҷатҳои ёфтшуда аз ҷайбаш ин шаҳрванди Тоҷикистон Хуршед Отанбеков буда, 26 сол доштааст.

Иллат ё чигуна сарозер шудани ин ҷавони тоҷик аз зинаи болоии фурудгоҳи Внуково маълум нест ва танҳо иттилое, ки то ҳол дастрас аст, чизест, ки маъмурони пулис Русия ироа мекунанд. Онҳо мегӯянд, соати 18:36-дақиқаи шоми 11 ноябр кормандони пулис дар фурудгоҳи Внуково ҷавони тоҷикро, ки ба гуфтаашон “рафтори ғайриоддӣ дошта” ва дохили фурудгоҳро наззора мекардааст, барои тафтиши ҳуҷҷатҳо нигоҳ доштаанд. Ба қавли пулис, дар феҳристи маълумотномаи ниҳодҳои интизомӣ асноди ин шаҳрванди тоҷик ҳеч мушкил надошта ва ин ҷавон мехостааст билет харидорӣ кунад.

“Хуршед Отанбеков маҳалли харидории билети ҳавопайморо суол карда ва ба таври ғайримунтазира худро аз зинаи боло ба поин партофт,” – гуфтаанд онҳо.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон ба имкони худкушии ҷавони тоҷик тардид (шубҳа) карда ва мегӯянд, мумкин аст, ки таҳдиде аз ҷониби пулиси Маскав ба фирор ва марги тасодуфии ӯ мунҷар шуда бошад.

Дар ҷайби ин ҷавон китоби дуоҳои мазҳабӣ кашф шуда, дар оғоз расонаҳои Русия гӯё аз “ваҳҳобӣ” будани ин шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд. Аммо дертар Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз зинаи болоии фурудгоҳи Внуково сарозер шуда ва ҷон бохтааст, ба равияи ваҳҳобӣ рабт надоштааст.

Зимнан, мавридҳои озору азияти пулиси Русия дар қиболи муҳоҷирони тоҷик ва боздошти ин афрод бо баҳонаҳои сохта ба таври фаровон сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG