Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи марги Умаралӣ Назаров


Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев
Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев

Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Умаралӣ ва муҷозоти омилонаш шудааст, то ба қавли ӯ гурӯҳҳо бо истифода аз ин қазия ба муносибатҳои Тоҷикистону Русия зиён нарасонанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30 октябр дар дидору сӯҳбаташ бо Дмитрий Медведев -- нахуствазири Русия қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро дар Санкт-Петербург баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин мавзӯъ ҳангоми баҳси масоили саҳлу содда кардани шароити ҳуқуқии корӣ ва будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар миён гузошта шудааст. Медведев шоми 29 октябр барои иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе омадааст.

Вокуниши Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи марги Умаралӣ Назаров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Ба иттилои манбаъ, дар ин суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев изҳори бовар карда шудааст, ки "санҷишу тафтиши кирдорҳои кормандони алоҳидаи мақомоти дахлдори Русия", ки боис ба марги Умаралӣ Назаров дар Санк-Петербург шуд, бо риояи талаботи қонун ва мунсифона ҷараён меёбад ва "омилони ин ҳодисаи нангин ҷазои сазовор мегиранд".

Оқои Раҳмон гуфтааст, "умедворем, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани руҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд." Нахуствазири Русия дар навбати худ изҳор дошта, ки таҳқиқи қазияи марги Умаралӣ Назаров таҳти назорати шахсии ӯст ва ваъда додааст, "барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон ёфтааст".

Умаралӣ Назаров рӯзи 14 октябр, як рӯз баъди ба пулис бурдани волидонаш - Рустам Назаров ва Зарина Юнусова - дар як бемористони шаҳри Санкт-Петербург даргузашт. Марги ӯ сарусадои зиёдеро дар ҷомеаи ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба по кардааст.

Муовини сарвазири Русия Олга Голодетс мегӯяд, ки дар робита ба қазияи марги ин кӯдаки 5-моҳаи тоҷик тамоми таҳқиқоти лозим анҷом хоҳад шуд, чунки ҳаёти кӯдак, ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз миллияташ арзишманд аст. Олга Голодетс, ки масъулияти назорати риштаи тандурустиро ҳам бар ӯҳда дорад, гуфт, “таҳқиқи ин парванда ба Кумитаи тафтишот супурда шудааст, чунки ҳаёти кӯдак ин ҳаёти кӯдак аст, сарфи назар аз ин ки ин кӯдак аз куҷосту миллаташ кадом аст?”

Аз ин пеш, Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, Владимир Путин низ аз ин қазия огоҳ шудааст, вале ин мавзӯъ ҳанӯз дахолати президентро тақозо намекунад. Дар ҳамин ҳол, Светлана Агапитова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Санкт Петербург гуфт, ки иллати марги Умаралӣ Назаров расман 14 ноябр эълон хоҳад шуд.

Вале дар рӯзҳои аввали баъди марги Умаралӣ мақомоти Русия гуфтанд, гӯё ӯ бар асари вируси шадиди респираторӣ фавтидааст. Вале волидони Умаралӣ бо ин иддао розӣ нестанд ва онҳо рӯзи 29 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз ҷасадро аз сардхона ё морг нагирифтаанд ва қасд доранд, ташхиси мустақили тиббӣ-додгоҳӣ гузаронанд.

XS
SM
MD
LG