Маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург нахост барои шарҳи ҳодисаи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров ба толори ин ниҳоди қонунгузорӣ раиси идораи пулиси шаҳр даъват шавад. Вакилон гуфтаанд, ки раиси пулис як одами серкор аст ва ҳам зарур нест, масъалаи таниши байнимиллӣ бештар шиддат ёбад.
Вакили парлумони шаҳри Санкт-Петербург аз ҳизби либералии "Яблоко" Борис Вишневский, ки марги Умаралии панҷмоҳаро як куштор номида буд, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт, ки аъзои ҳизбҳои "Русияи Воҳид", Ҳизби коммунист ва "Справедливая Россия" нахостаанд ба парлумон барои ҷавобгарӣ дар робита ба марги навзоди тоҷик раҳбари Шуъбаи корҳои дохилии Санкт-Петербург даъват шавад.
Умаралӣ Назаров рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ, баъд аз боздошти модараш Зарина Юнусова – шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми нақзи муқаррароти муҳоҷират, дар идораи пулис даргузашт. Ин ҳодиса маҳкумияти ҷиддии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дохили Тоҷикистон ва ҳам Русияро ба бор овард. Ҳанӯз ҷасади тифл ба волидон супурда нашудааст. Додситонии шаҳри Санкт-Петербурги Русия талош дорад масъулияти марги Умаралии 5-моҳаро ба дӯши падару модари ӯ бор кунанд.
Дар ҳамин ҳол пулиси Санкт-Петербург, ки гунаҳкор буданаш дар марги Умаралии панҷмоҳаро рад карда буд, порае аз сабти дурбини назоратиро дар ихтиёри торнамои "Фонтанка.ру" гузоштааст, ки дар он ба қавли маъмурони пулис аз Умаралӣ хуб нигоҳубин шудааст. Дурустии ин навор ҳанӯз таъйид нашуда, вале дар он дида мешавад, як зани пулис дар дасташ кӯдакеро нигоҳ медорад ва ба ҳангоми гиря карданаш ба ӯ аз шиша шир медиҳад.
Ҳоло додситонии Санкт-Петербург дар робита ба марги Умаралии навзод бо иттиҳоми “Аз беэҳтиётӣ мунҷар шудан ба марг ба ҳангоми иҷрои вазоифи хидматӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва таҳқиқаш идома дорад. Дар ҳоле ки баъзе аз расонаҳои Русия аз падару модари Умаралии панҷмоҳа ҳимоят ва аз бархӯрди номуносиби маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия интиқод кардаанд, иддае аз онҳо бо нашри матолиб марги Умаралии панҷмоҳаро ба дӯши волидонаш бор мекунанд.
Онҳо аз манзили Зарина Юнусова ва Рустам Назаров, волидони Умаралӣ, чанд акс нашр карда, мегӯянд, гӯё макони будубоши онҳо ба қоидаҳои санитарӣ ҷавобгӯ набуд ва Умар ҳам баъд аз таваллудаш ҳеч гоҳ аз назари пизишкон низ нагузаштааст. Иттилое, ки хонаводаи Умаралӣ рад мекунанд ва мегӯянд, дафтарчаи тиббии ӯ ҳифз шуда ва дар он муоинаҳои табибон низ сабт ёфтааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Маскав қазияи марги Умаралӣ Назаровро пайгирӣ доранд ва масъулинашон мегӯянд, ки дар ин замина бо Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳамкорӣ доранд. Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар канори он ки сафорати кишвар дар Русия барои расидагӣ ба ин ҳодиса муваззаф шудааст, ҳамчунин ҷониби Русия дар сатҳи олӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷиаш барои ҳалли он ёрии худро мерасонанд.
Ҳатто ба гуфтаи Абдулфайз Атоӣ, вазорати корҳои хориҷи Русия дар рӯзи аввали ҳодиса бо ирсоли ёддошт нисбат ба марги Умаралии панҷмоҳа изҳори ҳамдардӣ баён кардаст, ки дар тӯли беш аз ду даҳсола ин амр бесобиқа будааст. Ҳарчанд ӯ ибрози умедворӣ кард, ки мақомоти Русия ҳар чӣ зудтар ба ин қазия расидагӣ кунанд, аммо ҳамзамон гуфт, ки барои расидагӣ ва ҳалли он ба вақт ниёз доранд.