Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ-и Русия: "Тафтиши қазияи марги тифли тоҷик таҳти назорати ҷиддӣ аст"


Барои нахустин бор намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия мавқеи худро дар робита ба марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа баён кард.

Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия барои нахустин бор мавқеъи худро дар робита ба марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа баён кард.

Мария Захарова, намояндаи расми ин ниҳод бо изҳори тасаллияти амиқ ба хонавода ва наздикони ин тифл рӯзи панҷшанбеи 22-уми октябр гуфт, дар робита ба ин ҳодиса додситонии шаҳри Санкт Петербург парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба гуфтаи хонум Захарова, Вазорати корҳои хориҷӣ тафтиши ин қазияро зери назорати ҷиддӣ худ қарор додааст ва ҳамчунин ниҳодҳое, ки бевосита барои рух додани ин ҳодиса сабабгор шудаанд, аз ҷумла Хадамоти федеролии Русия, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва тандурустӣ ба тафтишоти дохилии худро шурӯъ кардаанд.

Рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо баҳонаи нақзи Қонуни муҳоҷирати ин кишвар Рустам Назаров ва Заррина Юнусова, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо писари панҷмоҳаашон Умаралӣ Назаров боздошт карданд. Сипас, пулис Умаралии 5-моҳаро аз волидайнаш ҷудо карда ва падару модари ӯро дар утоқи бозпурсӣ муддати 5 соат нигаҳ доштааст.

Меҳринисо Назарова, бибии Умаралӣ, баъдан ба телевизонҳои Русия гуфт, ки барои набераи 5-моҳааш шир оварда, аммо пулис ширро ба кӯдак надодааст. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ набераи ӯро аз идораи пулис мебарад, вале ӯро нагузоштанд, ки набераашро ҳамроҳӣ кунад. Оилаи Назаровҳо рӯзи дигар хабари шуми марги набераашонро аз масъулони бемористон дарёфт карданд.

Хабари марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик сару садоҳоеро дар ҷомеа ба миён овард. Вазорати умури хориҷаи Русия ва Павел Астахов, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки ин кишвар дар ин замина ба Вазорати умури дохила, хадамоти муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Додситони кулли ин кишвар нома ирсол карданд.

Султон Ҳамзаев, узви Утоқи ҷамъиятии Русия, рӯзи гузашта ба РИА Новости гуфт, ки “ин қазияро таҳти назорат хоҳад гирифт”. Ӯ аз Владимир Колоколтсев, вазири умури дохила хостори бозрасии ошкоро ва боздошти кормандони ҳифзи ҳуқуқи омили ин ҳодиса шудааст.

Тафтишоти ин қазияро Кумитаи бозрасии Русия ба ӯҳда гирифта ва тибқи иттилои муқаддамотӣ бемории шадиди вирусӣ мунҷар ба марги Умаралӣ шудааст. Ҳамзамон, пулис тафтиши дохилии идориро оғоз кардааст. Намояндаи Раёсати умури дохилаи шаҳри Санкт-Петербург гуфтааст, ҳоло имкони пешниҳоди наворҳои видеоии дурбинҳои назоратӣ ба аҳли ҷомеа низ баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG