Дар раддабандии нави Global Firepower Index, ки иқтидори низомии 126 кишвари дунёро фаро гирифтааст, артиши Узбакистон қавитарин артиш дар Осиёи Марказӣ эътироф шудааст. Узбакистон дар ин раддабандӣ дар ҷои 54, Қазоқистон дар мақоми 66, Қирғизистон дар зинаи 78 ва артиши Тоҷикистон дар мақоми 81-ум ҷой гирифтаанд. Аз ҳамаи артиши заифи минтақа, бино ба ин гузориш, артиши Туркманистон аст, ки дар мақоми 90-ум ҷойгир шудааст. Гузориш буҷаи низомии Тоҷикистонро 75 миллион доллар ҳисоб карда, мегӯяд, нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳамагӣ 37 тонк, 46 зиреҳпӯш ва 25 ҳавопаймо доранд. Зинаҳои аввали қавитарин артишҳои дунёро Амрико, Русия ва Чин ишғол кардаанд. Нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои африқоӣ - Сомали ва Мозамбику Мали – баракс аз ҳама заифтарин баршумурда шудаанд.